Девори байни Тоҷикистон ва Ӯзбакистонро барчиданд

Девори гузаргоҳи марзии байни Тоҷикистон бо Узбакистон дар ноҳияи Панҷакент барчида шуд ва дар назди гузаргоҳи “Ҷартеппа”, ки 7 сол боз баста буд, сохтмони терминали нави гумрукӣ дар ҳоли анҷомёбист. Барчида шудани девор ва сохтмони терминали нави гумрукӣ дар назди ин гузаргоҳ сокинонро ба оғози тиҷорату равуо дар байни ду кишвар хушбин кардааст. Зеро инҳо то километри мушаххас ҳақ доранд, ба кишварҳои якдигар бе виза ворид шаванд.

Исмоил Сайриддинов, раиси ҷамоати Саразми ноҳияи Панҷакент, ки гузаргоҳи “Ҷартеппа” дар қаламрави он қарор дорад гуфтааст, ин девор дар марзи ду кишвар соли 2010 бунёд шуд ва гузаргоҳ низ бо ибтикори ҷониби Узбакистон баста шуд. “Ҳоло ҳамин деворро, ки аз лойи похсагин бунёд шуда буд, канда истодаанд. Ҳамчунон сохтмони терминали нави гумрукӣ қариб ба анҷом мерасад. Як бинои хеле наву замонавӣ аст. Бар замми ин, то дами гузаргоҳ роҳи мошингард аз нав тахту ҳамвор ва асфалтпӯш карда шуд”.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *