Диққат! Озмун! Шеъри Наврӯз дар Pressa.tj
Як шеър қироат намо ва соҳиби мукофот шав!
Сомонаи Pressa.tj ва ютубканали он озмуни “Шеъри Наврӯз дар Pressa.tj”-ро эълон мекунанд. Дар озмун ҳамаи дӯстдорони шеър, новобаста аз синну сол имкони иштирок доранд.
Ширкат дар озмуни мо ниҳоят сода аст.
Як шеъри хубро дар васфи Наврӯз интихоб карда, онро дар назди камера қироат кунед ва ба суроғаи мо фиристед. Ба мазмун ва қироати шеър таваҷҷуҳ диҳед, зеро он дар ютюбканали Pressa.tj пахш мешавад ва шуморо ҳазорон нафар тамошо хоҳанд кард. Кӯшиш намоед, ки маводи ирсолкардаатон босифат бошад. Ному насаби худ ва муаллифи шеърро ҳам нависед.
Ба онҳое, ки шароити сабт надоранд, имкон медиҳем, то ба студияи Pressa.tj оянд ва кормандони мо қироаташонро ба навор гиранд.
Ғолиб ҳамоне дониста мешавад, ки аз дигарон бештар тамошобин пайдо кунад.
Озмун аз 1-уми феврал оғоз ёфта, 20-уми марти соли 2022 ҷамъаст мегардад.
Ғолибон бо мукофоти пулӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ мегарданд.
Ҷойи аввал — 1500 сомонӣ
Ҷойи дуюм — 1000 сомонӣ
Ҷойи сеюм — 500 сомонӣ
Ҳамчунин, ба ҳамаи ғолибон се китоби тозанашри сармуҳаррири ҳафтаномаи “Тоҷикистон” Шариф Ҳамдампур тақдим карда мешавад.
Наворҳои худро ба суроғаи фиристед.
Telegram: +992 938 41 32 33
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ