Диққат! Боз кӯдаке бедарак шуд
Пайвандону наздикон Абдумуслими Тоҷиддини 12-сола (с/т 10.02.2005)-ро ҷустуҷӯ доранд.
Ӯ сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ҷамоати Чоряккорон аст. Рӯзи 28 декабр ба мактаб рафта, бо ҳамин дигар ба хона барнагаштааст. Падари Абдумуслим дар тамос бо мо гуфт, ки писараш одати бе иҷозат ба ҷое рафтанро надошт ва бинобар ин аз бедаракшавии фарзандаш хавотир аст.
Аз ҳамаи он касоне, ки дар бораи макони будубоши ӯ ягон маълумоте доранд, хоҳиш дорем, ки ба телефони 900-29-12-99 занг зананд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ