Диққат! Ёсинҷонро пайдо кунед ва соҳиби мукофоти пулӣ шавед!

Падару модари Ёсинҷон Мирови чорсола, ки як ҳафта боз ҷигарбанди гумшудаашонро ҷустуҷӯ доранд, барои пайдо кардани ӯ мукофоти калони пулӣ ваъда додаанд. Ёсинҷонрӯзи 1 апрел, соати 09:30 аз хонаашон дар деҳаи Сабзикори ҷамоати Гулистони ноҳияи Рӯдакӣ баромада, дигар бедарак шудааст. Касоне ки дар бораи Ёсинҷон маълумоте доранд, бо ин телефонҳо занг зананд:

221-21-21

93 121 50 01

900 38 34 34

93 436 53 33

909 9848 87

93530 33 34

Падару модари Ёсирҷон Мирови чорсола баъди як ҳафтаи ҷустуҷӯи то ҳол бенатиҷаи ҷигарбанди худ бо нашри акси ӯ дар кӯчаҳо ва дар шабакаҳои Интернет барои касе, ки фарзандашонро пайдо кунад, мукофоти калони пулӣ ваъда кардаанд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон қаблан хабар дода буд, ки Миров Ёсинҷон Талабшоевич, соли таваллудаш 2014, сокини деҳаи Сабзикори ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Рӯдакӣ, рӯзи 1-умиапрели соли 2018, тахминан соати 09:30-дақиқа, аз хона баромада, бедарак гум шудааст.

Вазорати корҳои дохилӣ аз тамоми шаҳрвандон эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки барои пайдо намудани хурдсол Миров Ёсинҷон бо мақомоти милитсия ҳамкорӣ намоянд.
Нафароне, ки ӯро дар ягонҷо дидаанд, ё дар борааш ягон маълумот доранд, метавонанд ба рақами телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ

221-21-21 ва ё

93 121 50 01 занг зананд.

Онҳое ки дар бораи куҷо будани ин кӯдак маълумоте доранд, ҳамчунин метавонанд бо рақамҳои

900 38 34 34

93 436 53 33

909 9848 87

93530 33 34 тамос бигиранд.

Бетараф набошед, ҳамватанони гиромӣ!

 

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *