Ди Мария Парижро аз бохт наҷот дод
Дидори марказии даври 3-юми марҳилаи гурӯҳии Лигаи Чемпионҳо дар варзишгоҳи “Парк де Пренс” миёни “ПСЖ” ва “Наполи” сурат гирифт. Бозиро меҳмонон фаъолтар оғоз карда аллакай дар дақиқаи 29-уми рақобат ҳуҷумкунандаи “Наполи “ Лоренсо Инсиние ҳисобро кушод. Дар қисмати дуюм дифоъгар Мариу Руй тубро вориди тури дарвозаи дастааш карда, ҳисоб 1:1 гардид. Дар дақиқаи 77-уми дидор бошад, меҳмонон бо голи задаи Дрис Мертенс боз ҳам пешсаф гардиданд. “Наполи” ба ғалабаи худ хело ҳам наздик буд, вале ниммуҳофизатгари “ПСЖ” Анхел Ди Мария бо голи зебои худ дар дақиқаҳои охир ҳисобро баробар кард. Пас аз ин мусовӣ “ПСЖ” бо 4 имтиёз дар зинаи сеюми гурӯҳи С аст, “Наполи” бошад, бо 5 хол дар мақоми дуюм.
Бознашр аз varzishtv.tj
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ