ДИ масъули таркишҳо дар Нижний Новгород аст
Гуруҳи террористии «Давлати исломӣ» (ДИ) масъулияти ҳамлаи мусаллаҳонаи 23 октябрро дар Нижний Новгороди Русия ба зимма гирифтааст. Дар ин бора рӯзи чаҳоршанбе созмони байналхалқии SITE, ки фаолияти тундравонро дар Интрнет пажӯҳиш мекунад, иттилоъ додааст.
Ҳафтаи равон мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия аз анҷоми як амалиёти махсус дар Нижний Новгород, ки дар натиҷаи он ду нафари гумонбар ба терроризм кушта шуд, хабар доданд.
Бино ба иттилои ВАО, кормандони пулис дар ин минтақаи Русия як чанд хонаро ба муҳосира гирифта, маводи таркандаеро мекофтанд. Аммо мақомот нагуфтанд, ки ин қазия ба исломиён рабт дорад ё не.
ДИ қаблан низ масъулияти як қатор ҳамлаҳоро дар Русия ба зимма гирифтааст, ки бештари онҳо дар Қафқози Шимолӣ рух доданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ