«Диалог»-и Гюлен дар Тоҷикистон баста шуд

Ташкилоти «Диалог»-и рӯҳонии маъруфи турки муқими Амрико,  Фатҳулло Гюлен дар Тоҷикистон фаъолияташро расман қатъ кард.  

Роҳбари ин ташкилот Эмсал Коч, зимни як ҷаласа, 19-уми сентябр дар Душанбе ин тасмимро эълон кард ва сабаби қатъи фаъолиятро ба мушкилоти молӣ рабт дод.

Аммо ба иттилоъи «tojnews» ин ташкилот аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон дар пайи изҳороти мақомоти Туркия баста шудааст.

Чанд нафар аз аъзои ин ташкилот ба «tojnews» гуфтаанд: «ин иқдом дар пайи изҳороти ҳукумати Туркия, ки ҳаракати “Хизмет”-ро террористӣ унвон карда, дар даст доштан ба табаддулоти низомии 15-уми июли соли ҷорӣ дар ин кишвар айбдор кард, бо дастури мақомоти амниятии Тоҷикистон сурат гирифтааст»

Ёдовар мешавем, ки дар пайи табаддулоти низомии 15-уми июл дар Туркия, Сафорати ин кишвар дар Тоҷикистон бо баргузории чанд нишасти матбуотӣ аз мақомоти ҳукуматии Тоҷикистон дархост кард, ки созмонҳои марбут ба Фатҳулло Гюленро бандад.

Ба иттилоъи расонаҳо  моҳи майи соли 2015 Раҷаб Тайиб Эрдоған, президенти Туркия ба президентҳои Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон,  Озарбойҷон, Сенегал, Габон, Косово, Конго, Қазоқистон, Сомалия ва Ҷопон бо дархости қатъи ташкилотҳои тобеъи Гюлен мактуб ирсол карда буд.

Дар пайи ин дархост шабакаи литсейҳои туркӣ, ки  аз соли 1993 дар Тоҷоикистон фаъолият мекард  ва ба ширкати “Шалола” таалуқ дошт, баста шуда ба литсейҳои барои лаёқатмандон тағйири ном кард

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *