Диаспораҳои миллӣ барои пешгирии терроризм

Мизи мудаввар «Нақши диаспораҳои миллӣ дар мубориза бар зидди идеологияҳои террористӣ, ифротгароӣ ва муқовимати ғайриқонунии муҳоҷирон», ки 24-уми декабри соли 2018 дар меҳмонхонаи «Солюкс»-и ш.Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон  баргузор гардид.

Инчунин дар чорабинӣ, мушовири намояндагии Вазорати корҳои хориҷаи Ҷумҳурии Қазоқистон дар шаҳри Алмаато, сардори намояндагии Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Алмаато Властимила Самег, муовини, сардори намояндаи Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Алмаато  , Консули Генералии Федерасияи Русия Бобров Евгений, Консули Генералии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар шаҳри Алмаато Аброр Фатхуллоев, имом хатиби масҷиди ба номи «Ырыскелди Қажы»-и ш.Остона Исмоилов Яҳёхуҷа Абдуллоевич намояндаи сафорати Булғористон дар Қазоқистон Милан Миладинов ва як қатор намояндагони консулгариидавлатҳои Полша, Туркия, Ҷумҳурии халқии Хитой, Қирғизистон, Афғонистон, инчунин раиси ҳизби сиёсии “НурОтан” Меруерт Муканова, намояндагони Ассамблеяи халқҳои Қазоқистон, раиси ташкилоти ҷумҳуриявии ҷавонон “Жарасим”-и назди Ассамблеяи халқҳои Қазоқистон дар шаҳри Алмаато Рустам Кайриев, устодон ва коршиносони омӯзиши равандҳои муосир аз донишгоҳҳои бонуфузи Қазоқистон, раисон ва намояндагони марказҳои фарҳангӣ ва донишҷӯёни тоҷикидони шгоҳҳои шаҳри Алмаато, иштирок намуданд.

Лозим ба ёдоварист, кимизи мудавварро Консули генерал ҶТ дар ҶҚ Назир Баҳодур ифтитоҳ намуда, оид ба хатарҳое, ки фазои муҳоҷирати меҳнатиро халалдор мекунад, суханронӣ намуд. Зикр намуд, ки таъсиргузории асосии созмонҳои террористӣ ва ифротгароӣ барои муҳоҷират ин равандҳои мазҳабӣ доштаи онҳо мебошад, ки фазои ороми муҳоҷиратро халалдор мекунад.

Дар баробари ин, аз ҳизби мамнӯъи наҳзати исломӣ дар Тоҷикистон ва аз воқеаҳои хунин, ки дар Точикистон сар зада буданд, ёдовар шуда афзуд, ки дар ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ зиёда аз 150 ҳазор шаҳрвандони ҶТ кушта шуда,вазъи гурезаҳои ҳамватанон беш аз як миллион барои наҷоти ҷони худ аз Ватан ба кишвархои дигар муҳоҷир гардиданд. Зикр намуд, ки бо вуҷуди ба имзо расонидани созишномаи Истиқрори сулҳ, ҳизби мамнӯъи наҳзати исломӣ хост дубора табадулоти давлатиро ба роҳ монад, вале ба ин ҳадафҳои нопок ноил нагардид ва бо қарори Судӣ Олии ҶТ моҳи сентябри соли 2015 ҲНИТ-ро ҳамчун ҳизби террористӣ ва ифротгароӣ мамнӯъ эълон намуд. Вале, ҳоло бошад ҳизби мамнӯъи наҳзати исломӣ дар хориҷ аз кишвар бо наҳзатандешӣ фаъолияташро давом дода ҷавононро ба ин гуна ҳаракатҳои равандҳои мазҳабӣдошта фирефта мекунад. Инчунин, аз ҷомеъаи байналмилалӣ даъват ба амал овард, ки барои танзими паноҳгоҳи сиёсӣ ба шаҳрвандоне, ки дар ватанӣ худ ҷиноят содир менамоянд, вале дар хориҷ аз кишвар бо истифода аз мавқеъи паноҳгоҳи сиёсӣ, худро муҷрим эълон намуда саркашӣ аз итоат ба қонун менамоянд, ба танзим дароварда шавад.

Сипас тибқи реҷаи мизи мудаввар аввал намояндаи ВКХ ҶҚ дар ш.Алмаато, намояндагони консулгарии Россия, Ӯзбекистон Қирғизистон, сардорони диаспораҳои тоҷики Қазоқистон ва ғайраҳо суханронӣ намуданд.

Дар ҷаласаи мазкур баҳри нишон додани симои воқеии ТТЭ «ҲНИ» имомхатиби масҷиди марказии ба номи «Ырыскелди Қажы»-и ш.Остона Исмоилов Я.А.баромад намуд. Исомилов Я.А. дар мавзуи  «ТТЭ “Ҳизби наҳзати исломӣ” ташкилоти террористӣ ва маблағгузори он душмани инсоният ва башарият” бо забони русӣ ва қазоқи баромад намуд. Иброз намуд, ки ҷаҳони муосир бозиҳои геополитикӣ, ҳимояи манфиатҳо аз ҷониби аксари кишварҳо муносибатҳои духӯраро ба миён овардааст, ки пайравон ва ҷавонони фирефтаи ин гуна гурӯҳҳо, огоҳ нестанд. Боиси нигронист, ки баъзе ҷавонони мо низ бо роҳҳои гуногун ба ин гурўҳҳои ифротии тахрибкор ҳамроҳ мешаванд. Ҳизбҳое, ки равандҳои мазҳабӣ доранд, фатвои онҳо асоси шаръӣ надошта, танҳо ихтилофотро ба роҳ мемонанд. Аз ҷумла аз ҳизби мамнӯъи наҳзати исломӣ дар Тоҷикистон ёдовар шуда иброз намуд, ки дар таърихи ҳазорсола, тоҷикро ҳамчун миллати соҳибирода ва қавӣ ба дини мубини ислом мешиносанд ва барои чунин миллат таъсиси ҳизби исломӣ аз мантиқ дур буда, имрӯз ихтилофотро миёни мардуми тоҷик ҷой намудааст.

Дар охирисуханронӣ Исмоилов Я.А. ёдоваршуд, ки ташкилоти “Ихвонул-муслимин”-и террористӣ то ин лаҳза бо дуруғу фиреб сарукор гирифта, қанатҳои хориҷии он мисли ташкилоти террористи экстремистии “Ҳизби наҳзати исломӣ” ҳамоно бо фаъолиятҳои зӯроварӣ ва терроризмии худ идома дода истодаанд. Баҳри дастрасӣ ба манфиатҳои дунявӣ ва сиёсӣ садҳо шахсони осоиштаро бо номи “дин” ба қатл расонида, бо даъвои “саркубӣ” мехоҳанд ҷонибдор ва дилсӯзии шахсони фиребхӯрда ва ташкилотҳои террористиро ба даст оранд.

Қайд бояд намуд, ки зимни баромади худ Исмоилов Я.А. тавозунро дар муносибати дӯстонаи Ҷумҳурии Қазоқистон ва ҶИЭ ба инобат гирифта, ҳамчун маблағгузор ТТЭ “ҲНИ” аз тарафи хориҷа маблағгузорӣ гардиданашро иброз намуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *