ДИД: 14 нафар хориҷ шуданд

Дар аттестатсияи давлатии хатми таълими рӯзона ва ғоибонаи Донишкадаи идоракунӣ 445 нафар донишҷӯён ва магистрон бояд иштирок менамуданд, вале 14 нафар бо сабаби напардохтани маблағи шартномаи таҳсил ва доштани қарзи академӣ роҳ дода нашуда, аз сафи донишҷӯёну магистрон хориҷ гардиданд. Имрӯз  хабар дода шуд дар нишасти матбуотии ин донишкада.

Бояд зикр кард, ки аз 431 нафари боқимонда 417 нафарашон аз аттестатсияи давлатии хатм бо муваффақият гузаштанд, ки 96,8 фоизро ташкил медиҳад.

Дар нишасти мазкур инчунин гуфта шуд, ки аз шумораи умумии хатмкунандагони донишкада 33 нафар, аз ҷумла 15 нафар духтарон соҳиби дипломи аъло гардиданд, ки 26 нафари онҳо зинаи бакалаврӣ ва 7 нафар зинаи магистратураро хатм карданд.             

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *