Дидор аз «Тоҷикистон» ғолиб омад

Баҳори соли равон дафтари минтақавии ширкати байналмилалӣ (МОМ) озмуни «Муҳоҷирон-қувваи ноаёни Осиёи Миёна»-ро эълон карда буд. Дар озмун ҳам суратгирони касбӣ ва ҳам донишҷӯёни давлатҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон, Тоҷикистонва Туркманистон ширкат варзиданд. Дар озмун мавзӯъҳои доир ба муҳоҷират, мушкилот ва эҳсосоти нафаре, ки хонаву наздикони худро тарк кардааст инъикос ёфта буд.

Дар озмун ду ҷоиза, яке барои суратгирони касбӣ, дигаре барои донишҷӯён. Рӯзи 5 сентябр, тамоми аксҳои ба озмун роҳ ёфта, дар осорхонаи ба номи Кастееваи шаҳри Алмаатои Қазоқистон ба намоиш гузошта шуд.
Чи тавре, ки ба мо хабар доданд, баъд аз тамом шудани намоиш, нусхаи аксҳоро ба давлатҳои иштирокчиён фиристода мешавад.

Ҷоизаи «Донишҷӯ»-ро Алмазбек Дуйшибоев ва Роҳоат Сагинбек аз Қазоқистон сазовор гардиданд. Дар байни суратгирони касбӣ Элёрнематов аз Узбекистон Дидор Сулаймонов аз Тоҷикистон ва дизайнери узбекистонӣ Диана Миндубоева соҳиби ҷоиза гардиданд.

Суратгири тоҷик, Дидор Саъдуллоев, ки соҳиби ҷои дуввум гардид, се сол дар Маскав муҳоҷир буд. Дидор дар курси фотожурналистӣ таҳсил карда, ҳамчунин барои дарёфти маблағ дар бозор ба фӯрушандангӣ, аробакашӣва ба дигар намуди корҳо машғул шуда буд. Дар ин ҳангом аксҳои гуногун аз ҳаёти муҳочирони меҳнатӣ гирифтааст.

Ҳангоми кофтукоби муҳоҷирон аз тарафи кормандони милитсия Дидор сурат гирифтааст. Кормандон ӯро низ бо ҳамроҳи дигарон ба милисахона бурданд:   “Маро бозпурсӣ карданд, ки ман он ҷо чи кор мекардам. Ман гуфтам, ки “Ҳаминхел аз ҳамон ҷо мегузаштам”. Ман доимо ҳамроҳам ду флешкорт мегардонам. Вақте, ки аз ман акси гирифтаамро талаб карданд, флеши дигарро нишон додаму гуфтам, ки фрсат наёфтам ки акс гирам ва маро ҷавоб доданд. Ман фикр мекунам, ки онҳо нисбати муҳоҷирон ғарз доранд. Дар ҳолати дарёфти хурдтарин камбудӣ аз кор маҳрум мекунанд. Ҳар сол як миқдори муаяни муҳоҷиронро аз кишварашон депортатсия мекунанд ”

Дидор дар ҳоли ҳозир дар Душанбе зиндагӣ мекунад ва суратгири ҳафтаномаи «Тоҷикистон» мебошад. Мехоҳад бори дигар ба Руссия равад, аммо на ба ҳайси боркаш, балки барои аксгирӣ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *