Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири Шӯрои амнияти Русия

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо Николай Патрушев масоили марбут ба ҳамкориҳо дар самти таъмини амнияту субот дар минтақаро матраҳ кард.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Президенти Тоҷикистон ин мулоқот рӯзи 30 октябр дар шаҳри Душанбе анҷом шудааст.

Дар ин мулоқот таъкид шудааст, ки барои мубориза бо хатарҳои ҷаҳони муосир, ҳалли мушкилоти амниятии минтақавӣ, пурзур кардани иқтидори мудофиавии неруҳои сарҳадии Тоҷикистон вобаста ба таҳдиди хатар аз ҷониби Афғонистон, бояд тадбирҳои дастаҷамъона андешида шавад.

Ҳамчунин, ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкориро дар чаҳорчӯби Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Созмони Ҳамкории Шанхай ва рушди ҳамкории низомӣ ва ҳарбӣ — техникиро баррасӣ карданд.

Николай Патрушев, Дабири Шӯрои амнияти Русия аз Душанбе озими Тошканд шуд. Қарор аст, имрӯз, 31 октябр вай бо мақомоти Ӯзбекистон дидору гуфтугӯ кунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *