Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Назарбоев

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар шаҳри Нурсултон бо Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳури пешини Қазоқистон иддору гуфтугӯ кард.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар шаҳри Нурсултон бо Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳури пешини Қазоқистон иддору гуфтугӯ кард.

Бино ба иттилои Маркази матбуоти раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар ин мулоқот, ки рӯзи 28 май баргузор гардид, “ба нақши хоссаи нахустин Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дар рушди бомуваффақияти муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ҳама арсаҳои ҳамкорӣ” таъкид кардааст.

Қарор аст, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба ҳайси меҳмони фахрӣ дар Ҳамоиши сарони кишварҳои узви Шӯрои олии иқтисодии АвруОсиё дар шаҳри Нурсултони Қазоқистон ширкат кунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *