Дидори мақомоти КА Тоҷикистону Қирғизистон

Дар шаҳри Исфараи вилояти Суғд мулоқоти намояндагони кумитаҳои амният ва хадамоти марзбонии Тоҷикистону Қирғизистон баргузор шуд. Дар ин бора Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон хабар дод.

Ҳайатҳоро раисони кумитаҳои амнияти Тоҷикистону Қирғизистон — Саймумин Ятимов ва Орозбек Опумбоев раҳбарӣ карданд. «Мавзуи меҳварии вохӯрӣ таъмини амният дар минтақаҳои марзии ду кишвар буд. Ҳамчунин тақвияти ҳамкориҳои байниидоравӣ дар мубориза бо терроризму экстремизм баррасӣ шуданд», — афзуд манбаъ.

Ҷонибҳо ба созиш расиданд, ки ҳамкориҳо дар самти таъмини амният дар минтақаҳои марзии ду кишвар ва муборизаҳои муштарак бар зидди созмонҳои байналмилалии террористӣ ва ифротгароии динӣ бояд тақвият бахшида шаванд. Ҳамчунин қарор шудааст, ки дар фароҳам кардани шароити мусоид барои кори комиссияҳои байниҳукуматии ду кишвар оид ба таъйин ва аломатгузории хати марзҳои давлатӣ мусоидат карда шавад.

Дар соли ҷорӣ дар сарҳади Қирғизистону Тоҷикистон 10 низоъ, аз ҷумла 4 низои марговар ба қайд гирифта шудааст. Дар ҳоли ҳозир 405 километри марзи муштараки ду кишвар аломатгузорӣ нашудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *