Дидори расмии сарвазири Корея аз Тоҷикистон
Ли Нак Ён, сарвазири Корея бо дидори расмии серӯза вориди Тоҷикистон шуд. Дар назар аст, дар ҷараёни дидораш аз Тоҷикистон Ли Нак Ён бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дидору гуфтугӯ кунад.
Ли Нак Ён, сарвазири Корея бо дидори расмии серӯза вориди Тоҷикистон шуд. Дар назар аст, дар ҷараёни дидораш аз Тоҷикистон Ли Нак Ён бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дидору гуфтугӯ кунад.
Имрӯз, 16 июл музокироти ҳайатҳои ҳукуматӣ бо роҳбарии Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон ва Ли Нак Ён, сарвазири Корея баргузор мегардад.
Инчунин мулоқоти роҳбари ҳайати Корея бо Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе пешбинӣ шудааст.
Дар поёни дидори Ли Нак Ён, сарвазири Корея аз Тоҷикистон чанд созишнома имзо хоҳанд шуд.
Зимнан, муносиботи дипломатӣ миёни Корея ва Тоҷикистон дар 27 апрели соли 1992 оғоз шуда ва 20 июни соли 2008 сафорати Корея дар шаҳри Душанбе ифтитоҳ гардид.
Ҳамкориҳои ин ду кишвар дар бахшҳои мухталиф сурат гирифтааст. Аз ҷумла, дар соли 2017 Корея ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон техникаи тиббӣ ва таҷҳизоти наҷотдиҳӣ тавзеъ карда буд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ