Дидори сирии Путин бо Отамбоев: Пушти парда чи гузашт?

Бархе аз сиёсатмадорони қирғиз сафари раиси ҷумҳури пешини Қирғизистон ба Маскав ва мулоқоташ бо Владимир Путинро “ мудохила ба умури дохилаи кишвар” унвон карданд.

Алмосбек Отамбоев, президенти пешини Қирғизистон пас аз дидору гуфтугӯ бо Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия ба ватан баргашт.

Отамбоев ҳангоми берун шудан аз пойгоҳ дар суҳбат бо рӯзноманигорон гуфт, наметавонист, аз сафар ба Русия худдорӣ кунад, зеро президенти он кишвар Владимир Путин чанд маротиба ӯро ба мулоқот даъват карда буд.

«Маро барои сафар ба Москва танқид мекунанд. Вале вай на танҳо президенти Русия, балки дӯсти ман, фарди наздики ман аст. Вай барои ман ҳавопаймо фиристод, даъват кард… Ин бори аввал нест. Вай чанд маротиба даъват кард, ки ман равам. Кори нодуруст мешуд, агар намерафтам. Аз ҳамин хотир ман рафтам. Вай нигарони Қирғизистон аст, шумо изҳороти ӯро шунидед. Нигарон аст, ки мабодо бори севум инқилоб сурат гирад. Ман ба вай гуфтам, ки инқилобро ҳамеша ҳукуматҳо анҷом медиҳанд. Мардум аз ночорӣ ба кӯча мебароянд», — гуфт Отамбоев.

Президенти пешин муқоисаи сафари худро бо сафари номзади курсии президентии Қирғизистон дар соли 2017 Омурбек Бабанов ба Қазоқистон нодуруст меҳисобад.

«Нахуст, ман довталаби курсии президентӣ нестам. Ҳоло маъракаи интихоботӣ ҷараён надорад. Омурбек Бабанов ҳамчун номзад дархсоти пуштибонӣ кард ва эҳтимолан аз кишвари ҳамсоя на танҳо пуштибонӣ дархост карда буд. Албатта, ман ин амалро аз сӯи кишвари ҳамсоя ҳам кори нодуруст медонам. Зеро набояд дар интихоботҳо дахолат кард», — гуфт вай.

Отамбоев ҳамчунин илова кард, ки тасмим надорад, барои бозпурсӣ дар мақомот ҳозир шавад. Баъди суҳбат бо рӯзноманигорон вай ба манзилаш дар деҳаи Кой-Тош раҳсипор шуд.

Алмосбек Отамбоев рӯзи 24 июл аз пойгоҳи низомии Канти он кишвар ба Русия парвоз карда ва худи ҳамон рӯз дар шаҳри Москваи Русия бо президенти он кишвар Владимир Путин мулоқот кард.

Отамбоевро дар сафараш ба Русия иҷрокунандаи вазифаҳои раиси Ҳизби сотсиал-демократии Қирғизистон Асел Кодуранова, муовинони раиси ҳизб Муродалӣ Мадеминов, Ирина Карамушкина ва Кундуз Жолдубоева, намояндаи расмии ҳизб дар Русия Темирлан Султонбеков ҳамроҳӣ карданд.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Русия, Путин рӯзи 24-уми июл пас аз дидор бо раиси ҷумҳури пешини Қирғизистон ба рӯзноманигорон гуфт, «ягон чизи махфӣ нест. Шумо медонед, ки ман ҳамеша барои тамос бо ҳамтоёни кунунӣ ва пешинам омода ҳастам. Бале, дар ҳақиқат ман бо Отамбоев мулоқот кардам ва мо дар бораи вазъи минтақа ва Қирғизистон суҳбат доштем».

Путин ҳамчунин гуфт, ки мавқеи ӯ рӯшан аст ва онро ба Алмосбек Отамбоев низ баён кардааст. Раиси ҷумҳури Русия гуфт, ки Қирғизистон як кишвари наздик ва ҳампаймони Русия аст ва ҳадди ақал ду бор шоҳиди нооромиҳои дохилии ҷиддӣ шуда буд.

Путин дар ин мулоқот гуфтааст, «Қирғизистон ба суботи сиёсӣ ниёз дорад ва ҳамаи шаҳрвандон бояд дар атрофи президенти феълӣ ҷамъ шуда, ба ӯ дар рушди кишвар кумак расонанд».

Вазорати умури дохилии Қирғизистон се бор Отамбоевро ба бозпурсӣ даъват кард. Вале ӯ ҳозир нашуд. Вакили дифои Отамбоев гуфт, даъвати шахси зери ҳимояаш ба бозпурсӣ ғайриқонунӣ аст, чун ӯ ҳанӯз ҳам аз унвони президенти пешин ва дахлнопазирӣ бархурдор аст.

Сафари Отамбоев ба Маскав дар ҳоле сурат гирифт, ки ӯ се дафъа даъвати мақомоти тафтишотӣ барои посух додан ба суолҳоро рад кард. Дар пасманзари баррасиҳои гарми ин мавзӯъ дар шабакаҳои иҷтимоӣ, вазорати умури дохилии Қирғизистон гуфт, ки президенти собиқ баъди бозгашт аз Маскав «вазифадор аст», ки ба бозпурсӣ ҳозир шавад. Отамбоев баъди сафари якрӯза буда, рӯзи 25-уми июл ба Бишкек баргашт.

Порлумони Қирғизистон 27 июни соли равон Отамбоевро аз унвони президенти пешин маҳрум кард.

Алмосбек Отамбоеви 62-сола, ки шаш сол — аз охири соли 2011 то ноябри соли 2017 президенти Қирғизистон буд, дар бӯстонсарои худ дар канори Бишкек зиндагӣ мекунад. Баъди он, ки парлумон қонуни ҳазфкунандаи масунияти президенти собиқро қабул кард ва нисбати ӯ санҷиш шурӯъ шуд, ҳеҷ гоҳ ба тафтишот ҳозир нашуд ва гуфт, ки дар манзилаш дар минтақаи Кой-Таш омода аст аз худ дифоъ кунад. Ӯ гуфт, ки силоҳ ҳам дорад.

Вакили дифои ӯ Сергей Слесарев гуфт, ки Отамбоев ба унвони собиқ президент аз масуният бархӯрдор аст ва аз болои қонуни нави қабулкардаи маҳрумсозии президенти собиқ аз масунияти ҷиноӣ ба Палатаи Конститутсионӣ шикоят ворид шуда, ин санад ҷанбаи қонунӣ касб накардааст.

Моҳи июни соли ҷорӣ Додситонии кулли Қирғизистон аз рӯи айбномаи порлумон нисбати президенти пешини ин кишвар Алмосбек Отамбоев хулосабарорӣ кард. Додситонӣ аз шаш айби эъломкардаи порлумон 5-тои онро асоснок унвон кард.

Президенти пешини Қирғизистон дар фишор ба вакилони порлумон, додрасҳо, фаъолони маданиву расонаҳо, ғайриқонунӣ озод кардани «дузди қонунӣ» Азиз Батукаев, ғайриқонунӣ соҳиб шудани қитъаи замин дар деҳаи Кой-Тош, фасодкорӣ ҳангоми бозсозии Маркази гармидиҳии Бишкек гумонбар мешавад. Вале худи Отамбоев гуфтааст, ки ҳеҷ як иттиҳомро қабул надорад ва парвандаи ҷиноии алайҳи ӯ «хаёлпардозӣ» аст ва ба ҳақиқат рост намеояд.

Алмосбек Отамбоев барои сари қудрат омадани президенти феълӣ Сооронбой Ҷеенбеков кӯмакҳо кардааст, вале баъди интихобот равобити онҳо бад шуд ва мунтақидони Отамбоев дар ҳукумат ва порлумон ба маҳрум кардани президенти собиқ аз масуният, иқдом карданд. Отамбоев гуфтааст, ки то охир аз ҳаққи худ дифоъ мекунад.

Дар ҳамин ҳол, бархе аз сиёсатмадорони қирғиз сафари раиси ҷумҳури пешини Қирғизистон ба Маскав ва мулоқоташ бо Владимир Путинро “ мудохила ба умури дохилаи кишвар” унвон карданд. Қувоничбек Қодиров, собиқ муовини вазири корҳои дохилаи Қирғизистон ба нашрияи “Коммерсант”-и чопи Маскав гуфтааст: “Алмосбек Отамбоев аз ҳабс метарсад ва умедвор аст, ки Маскав мушкилашро осон хоҳад кард. Ин ҳодиса дар Қирғизистон мавҷи хашму ғазабро ба амал овард. Чаро шахси гумонбар дар дуздии сармояи бузург аз сӯйи Кремл пуштибонӣ мешавад?”

Ба эътиқоди Аркадий Дубнов, коршиноси масоили Осиёи Марказӣ, мумкин аст пас аз сафари Отамбоев ба Маскав муносибати Прокуратураи генералии Қирғизистон нисбати ӯ тағйир кунад. Ба гуфтаи вай, ҳадафи Маскав ҳимоят аз раиси ҷумҳури пешин набуда, балки тақвияти мавқеъяш дар минтақа аст. “Агар Русия дар ҳалли мухолифати дар сутуҳи олӣ дар Қирғизистон кумак карда тавонад, мақомаш ба ҳайси кафили оромию субот дар минтақа боло хоҳад рафт”-гуфт Аркадий Дубнов.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *