Дидору мулоқоти навбатии Ятимов бо Ташиев дар Суғд

Раисони кумитаҳои давлатии амнияти миллии Тоҷикистону Қирғизистон Саймумин Ятимов ва Қамчибек Ташиев барои маълум кардани боқимондаи хатти марзи ду кишвар мулоқот анҷом доданд.

Дар ин бора “Ховар” бо такя ба Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки мулоқот 1-уми октябр дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд баргузор шуда, роҳбарони ҳайатҳои  маконнигорӣ (топографӣ) ва аломатгузории марзи Тоҷикистону Қирғизистон барои идома додани кор супориш додаанд.

Аммо мушаххас гуфта нашудааст, ки Ятимов ва Ташиев чӣ супоришҳо додаанд ва дар ин вохӯрӣ сари кадом минтақаҳои баҳсӣ гуфтугӯ сурат гирифтааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *