Дигар ашкам намерезад…

Намунаи ашъораш дар маҷмӯаи “Ёди падар” гирд оварда шудааст. Қиссаи “Никоҳи якшаба”-и ӯ дар нашрияи “Оила” ҳаводорони худро пайдо кардааст.

Фотима Искандарзода соли 2001 дар деҳаи Дарёободи ҷамоати Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ таваллуд шудааст. Ба адабиёт меҳри беандоза дорад ва маҳорати худро дар назму наср сайқал додан мехоҳад.

Намунаи ашъораш дар маҷмӯаи “Ёди падар” гирд оварда шудааст. Қиссаи “Никоҳи якшаба”-и ӯ дар нашрияи “Оила” ҳаводорони худро пайдо кардааст.

Бовар намекунам

Дигар аз ман маҷӯ меҳру вафое,

Аё дилтанг, бо ҷабру ҷафое.

Дигар ёдам макун як лаҳзае ҳам,

Дар ин дил чун надидам худ сафое.

Дигар ашкам намерезад бароят,

Дигар ёдам намеояд садоят.

Дигар асло нахоҳам кард бовар,

Ҳама он ашкҳову гиряҳоят.

Маро овора кардӣ, сабр кардам,

Маро бечора кардӣ, сабр кардам.

Бирав акнун ба ҳар ҷое тавонӣ,

Диламро пора кардӣ, сабр кардам.

Чӣ гӯям аз бароят, аз бароят?

Чӣ сон охир намоям ман садоят?

Зи бас асло нахоҳам кард бовар,

Ба аҳди дерину он ваъдаҳоят.

Биё, то…

Азизи ман биё, ки беқарорам,

Биё, ки тоқати дурӣ надорам.

Биё, наздам, биё, эй ҷони ширин,

Биё то дуди ғам аз дил барорам.

Наврӯз

Иди Наврӯз омаду дунё саросар шод шуд,

Мулки мо бо омади ӯ тозаву озод шуд.

Он яке дил, ки зи пирӣ ранҷ бурда доимо,

Бо ҷавонӣ аз қафасҳои ғамон озод шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *