Дигар дурӯғ нест. Абдулқодири Раҳим 60-сола шуд

Абдулқодири Раҳим, шоир, нависанда ва журналисти маъруф 60 — сола шуд. Номбурда 17 январи соли 1961 дар деҳаи Кафтархонаи ноҳияи Восеъ таваллуд шудааст. Хатмкардаи факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон аст.

Асарҳои назмиву насрӣ ва публитсистиаш “Дурӯғи шабнам” (1993), “Чароғи ошноӣ” (1997), “Ҷилваи як нола” (1998), “Нусхаи парешонӣ” (2000), “Рӯшноӣ” (2003), “Фиреби меҳр”, “Духтари афсонаҳо” (2006), “Ашки сари мижгон” (2012), “Оби дари хона тира нест” (2016), “Рангҳо”, “Дигар дурӯғ нест” (2018), “Шод зӣ, шод!” (2020), “Гулҳои худрӯ” (2020) ба нашр расидааст. Аз соли 1994 узви Иттифоқи нависандагон ва Иттифоқи журналистони Тоҷикистон аст. Барандаи ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ мебошад. Феълан, дар нашрияи “Ҷумҳурият” фаъолият дорад.

Аҳли қалами ҳафтаномаи “Тоҷикистон” Абдулқодири Раҳимро ба мавлудаш табрик гуфта, аз китоби нави ӯ “Раҳи ашк” чанд шеъри тозаашро пешкаш мекунем.

ФАРЁД

Шукронае ба дасти ғуборам намедиҳӣ,

Як лола ҳам ба хоки мазорам намедиҳӣ.

Осоиши нигоҳи маро бурдаӣ зи ёд,

Дар гиря лутфу меҳри баҳорам намедиҳӣ.

Ин хонаро ба хишти умедам насохтам,

Фарёди бекасии саворам намедиҳӣ.

ТИРАМОҲИ АШК

Тирамоҳи ашки ман афсона нест,

Хона дорад дар сари роҳи нигоҳ.

Офтобаш бо хаёли шуълаест,

Моҳтобаш аз шабам љӯяд паноҳ.

АЗ ПУШТИ ЯК НИГОҲ

Эй масти хеш, ойинаро пушти рӯ мабин,

Љавҳар на рӯи туст, на он дудаи хаёл.

Сад муддао зи як нафасат об мешавад,

Канъон зи Нӯҳ дид љавоби пур аз савол

Дар як нигоҳи мо.

ҶУДОӢ

Яке  мурдоби дур аз дасту поям,

Яке мурдоби дур аз чашму гӯшам.

Худо мехонадам аз рӯи барге,

Ба бебаргии худ бояд хурӯшам.

АШК

Достоне ба дарозии раҳи ашк марост,

Ки тавонам ба нафас ҳам гӯям.

Дасти ман кӯтаҳ нест,

Ихтиёрам ба замонбозии шаҳ нест.

Аз гадоӣ сари сӯзан дурам,

Меҳрпечидаи сад фағфурам.

Ошное, ки маро фаҳм кунад,

Дар шабистони нукотам хуфтаст.

ҲИСОБ

Имшаб баҳор ҳам

Он сон, ки ман шинохтаам, гул намекунад,

Маҳтоб мурдаасту кафан дар сиёҳие

Гардидааст тар.

Аз рӯшанӣ хабар

Марде намедиҳад.

ГИРЯ

Пушти девор дусад шаҳри бузург аст,

Ки ба дандон бигирифтанду ба дандон ҳама монданд.

Бар сари дарки маљол,

Бар сари дарки завол

Ҳавасеро ба кафан ранги дарунӣ доданд,

Магасеро ба кафан ранги бурунӣ доданд.

Нигаҳ аз хонаи тадбир ќиёматро хост.

Чӣ баҳоре,

Чӣ нигоре

Гузар аз љилваи як рӯҳ намуд?

РОҲ

Он тараф нолаи най мешунавам,

Ин тараф гиряи пиронаи даҳр.

Ман замонро ба вузӯ чун шиканам?

Хушклаб омада аз худ лаби баҳр.

ДУО

Ман рӯи як ниҳоли анор омадам ба боғ,

Бо гард ҳамнафас шуданам сад баҳор зод.

Аз пушти ранг хонасуроғе ба хок рафт,

Масте зи бӯи ишќ ба дунёи ток рафт.

Хуршед аз нигаҳ ба дили лола гашт доғ,

Маҳ хирмани умеди љаҳонро ба бод дод.

ОГОҲӢ

Шири мурғам доданд,

Шишаро бар сари бозори шумо мешиканам.

Дониш аз ҳасрати як гул нашукуфтаст имшаб,

Бӯи беҳбуд дар афсонаи мо дорад таб,

Модарам аз нафаси обилаҳо дӯхта лаб,

Ки маро аз чӣ нигоҳе зоданд?

То замонро зи ду пиндори шумо мешиканам.

АФСОНА

Номе аз хеш дар андуҳи дарахтон дорам,

Ҳарфе аз ишќ ба печидагии барги хазон.

Хоҳаре дар нафаси боди баҳор,

Духтаре дар шафаќи ашки диёр.

Зиндагие паси афсонаи оби лаби љӯй,

Модаре дар нигоҳи абри сари кӯҳ равон.

БАҲО

Касе дар шаҳр пайдо нест,

Магас афсонаҳои хештанро рӯи раҳ дорад,

Зимоми мардуми бедор дар боли ҳумоюнии симурғ аст,

Паре ҳамранги ово нест,

Раҳе аз хештан ҳам то расиданҳои бељо нест,

Ба дон ар бингарӣ, як наќши берангии каҳ дорад.

ОШУФТАГӢ

Ман садоямро дар ин шаҳри шумо гум карда будам, дӯст,

Як садои пур зи тарсу пур зи ларзу пур зи андӯҳи љавониро.

Офтоб он ранги берангии худро бо нишастанҳо баҳо мекард,

Моҳтоб аз пушти абре шарҳ меовард рӯҳи зиндагониро.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *