Дигар нафарони аз 65-сола боло ба ҳаҷ рафта наметавонанд

Дар арафаи Иди Рамазон ба мусалмонони кишвар хабари хуш расид. Арабистони Саудӣ имсол барои зоирини тоҷик зиёрати хонаи Худоро иҷозат дод.

Имсол Арабистони Саудӣ барои Тоҷикистон 3562 квота ҷудо кардааст, ки назар ба солҳои қаблӣ 1438 нафар камтар мебошад. То замони пандемияи коронавирус солона аз Тоҷикистон беш аз 6 ҳазор нафар барои адои ҳаҷ ба Саудӣ мерафтанд. Ду сол пеш ба далели пандемияи коронавирус сафари зоирин манъ шуда буд.

“Вазорати ҳаҷ ва умраи Арабистони Саудӣ охири ҳафтаи гузашта теъдоди зоирин ва ҳам шумораи квота барои кишварҳои ҷаҳонро эълон кард. Бар асоси ин эълон, имсол аз Тоҷикистон танҳо 3562 нафар метавонанд ба Арабистони Саудӣ сафар кунанд”,- гуфт Афшини Муқим, сухангӯйи Кумитаи дин.

Ҳамчунин, манбаъ хабар медиҳад, ки имсол дар сафари зоирин баъзе маҳдудиятҳо ҷорӣ шудааст. Аз ҷумла, шахсони аз 65-сола боло наметавонанд ба Арабистони Саудӣ сафар кунанд. Онҳое ҳам, ки барои адои ҳаҷ мераванд, бояд ваксинаи зидди COVID-19 гирифта бошанд. Зоирини хориҷӣ ҳамчунин бояд натиҷаи манфии санҷиш аз COVID-19-ро дар муҳлати на дертар аз 72 соат пешниҳод кунанд.

Афшини Муқим, сухангӯи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, ки масъули сафарбаркунии зоирон ба Маккаву Мадина аст, мегӯяд, то ҳол аз Арабистони Саудӣ мактуби расмӣ нагирифтаанд, вале омодагиҳо барои фиристодани зоирини тоҷик оғоз шудааст. Сухангӯи Кумита танҳо гуфт, аз эълони Вазорати ҳаҷи Арабистони Саудӣ фаҳмидаанд, ки теъдоди зоирини тоҷик имсол каме зиёдтар аз 3,5 ҳазор хоҳад буд.

Ҳамчунин, гуфта мешавад, ки дар навбати аввал онҳое барои адои ҳаҷ фиристода мешаванд, ки ду сол пеш бо далели пандемия сафарашон лағв шуда буд. Қарор аст маросими ҳаҷи фарзӣ имсол аз 7 то 12-уми июл баргузор мешавад.

Сар аз соли 2020 бинобар пандемияи COVID-19, маросими ҳаҷ дар шароити маҳдуд баргузор мешуд. Мақомоти Арабистони Саудӣ адои ҳаҷро танҳо барои сокинони маҳаллӣ ва хориҷиҳое иҷозат медоданд, ки дар он кишвар зиндагӣ доранд. Соли гузашта ин кишвар танҳо ба 60 ҳазор зоири эмшуда иҷозаи иҷрои маросими ҳаҷро додаанд.

Ҳар сол ҳудуди 2,5 миллион мусалмон аз беш аз 180 кишвари ҷаҳон барои адои ҳаҷ ба Арабистони Саудӣ сафар мекунанд. Аммо имсол Саудӣ гуфт, як миллион мусалмон аз саросари ҷаҳон ҳақ доранд ба Макка сафар карда, дар маросими ҳаҷ иштирок кунанд.

Ҳаҷ яке аз панҷ рукнҳои асосии дини ислом аст. Ду сол аст, ки даҳҳо нафар дар Тоҷикистон мунтазири боз шудани роҳи ҳаҷ ҳастанд. Иҷоза шудани сафари мусалмонони тоҷикро туҳфаи Арабистони Саудӣ дар арафаи Иди Рамазон арзёбӣ кардаанд.   

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *