Дигар напардохтани андоз дар ҳаҷми хурд ҷиноят намешавад
Лоиҳаи тағйиру иловаҳои нав ба Кодекси ҷиноии Тоҷикистон вориди парлумон шуд, ки дар сурати ҷонибдорӣ ёфтанаш аз сӯи вакилон, ҷавобгарии ҷиноиро барои напардохтани андоз ва ё боҷи гумурукӣ дар ҳаҷми хурд аз байн мебарад.
Мавлуда Қаландарзода, як узви Кумита оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони Маҷлиси намояндагон рӯзи 22-уми сентябр гуфтааст, ки бастаи тағйиру иловаҳои нав ба Кодекси ҷиноятӣ ба се модда дахл дорад: “Ба моддаҳои 291, 292, ва 293-и Кодекси ҷиноӣ тағйирот пешниҳод шудааст. Ин моддаҳо ба масъалаи саркашӣ аз пардохтҳои гумурукӣ ва андоз дахл доранд”.
Ҳоло дар Кодекси ҷиноӣ меъёри ба ҷавобгарӣ кашонидани афрод барои саркашӣ аз пардохтҳои гумрукӣ ва ё андоз дар ҳаҷми 10 ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо муқаррар шудааст. Ҳамакнун, ба гуфтаи Қаландарзода пешниҳод шудааст, ки меъёр аз 10 ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо (400 ҳазор сомонӣ) то 20 ҳазор (800 ҳазор сомонӣ) боло бурда шавад. Яъне, то замоне, ки қарзи андоз ва ё пардохтҳои гумрукии шахс ба 800 ҳазор сомонӣ нарасад, ӯ ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида намешавад.
Ҳамзамон ба таъкиди ин вакили Маҷлиси намояндагон тағйироти пешниҳодшуда имкон медиҳад, ки андозсупорандагон ва инчунин ширкатҳо дар муҳлати то 48 рӯзи бонкӣ маблағи қарзи андоз ва ё пардохтҳои гумрукиашонро падохт кунанд. Меъёре, ки ҳоло дар Кодекси ҷиноӣ вуҷуд надорад.
Қаландарзода афзуд, ин тағйирот ба хотири бештар кардани озодиҳои соҳибкорон, фароҳам овардани имкониятҳои бештар ва як навъ дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ дар кишвар рӯи даст гирифта шудааст.
Зимнан моддаҳои 291, 292, ва 293-и Кодекси ҷиноӣ ба “Саркашӣ аз пардохтҳои гумрукӣ”, “Саркашӣ аз супоридани андозҳо ва (ё)
пардохтҳо аз шахси ҳуқуқӣ ва “Саркашии шахси воқеъӣ аз пардохти андоз” марбутанд. Дар сурати муҷрим шинохта шудан аз рӯи ин моддаҳо, додгоҳ метавонад шахсро аз ду то се сол равонаи зиндон кунад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ