Дигар парвандае кушода намешавад
имрӯз, 7-уми июн дар парлумон Абдураҳмон Аламшозода, муовини аввали вазири умури дохилии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ба қонун “Дар бораи милиса”-ро муаррифӣ кардааст.
Аламшозода гуфтааст, бар асоси тағйирот афроди дорои шаҳрвандии кишвари дигар наметавонанд дар мақомоти милиса хизмат кунанд.
Ӯ афзуд, ки дар қонун инчунин баъзе мафҳумҳо таҳрир ёфтанд. Аз ҷумла калимаи “ҷиноӣ” ба «ҷиноятӣ» ва “кушодан” ба “оғоз” иваз карда шуданд.
Тибқи қонуни таҳрирёфта парвандаҳо минбаъд на кушода, балки оғоз карда мешаванд.
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар пайи баррасӣ тағйиру иловаҳо ба қонун “Дар бораи милиса”-ро қабул намуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ