Дигар “Занги камолот” садо намедиҳад

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон бо қабули як қарор «Занги камолот», «Иди Алифбо» ва чорабинии «Хайр, боғча!»-ро дар муассисаҳои таълимии кишвар манъ намудааст. 

Вазорати маориф ҳадаф аз қарори мазкурро амалисозии қонун дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо хонда, ҳушдор додааст, ки “дар сурати риоя нашудан нисбати роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, омӯзгорону мураббияҳо бар асоси Кодекси меҳнат муҷозоти меҳнатӣ пешбинӣ гардидааст”.

Манбаъ афзуд, Вазорат сардорони раёсатҳои маорифи Вилоятҳои Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, роҳбарони муассисаҳои таълимии ҷумҳуриявиро муваззаф намудааст, ки иҷрои қарори мазкурро таъмин ва риояи онро зери назорати ҷиддӣ гиранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *