ДИИШ Тора Бораро аз Толибон гирифт
Ҷангиёни гурӯҳи тундрави «Давлати Исломӣ» мавзеи кӯҳии Тора Бора, воқеъ дар шарқи Афғонистонро ишғол карданд, ки як замон паноҳгоҳи Бин Лоден, раҳбари Ал-Қоида буд.
Навори садоӣ, ки рӯзи 14 июн дар «Радиои Хилофат»-и ҷагнгиён пахш шуд, мегӯяд, ки ДИИШ баъди ҷангҳои шадид бо Толибон, парчами худро дар фарози ғори густарда ва маҷмаи тунелҳо дар вилояти Нангарҳор парафшон кард.
Як мақоми маҳаллӣ ва пирони ин минтақа тасдиқ карданд, ки Тора Бора ва мавзеҳои атрофи он ба дасти ДИИШ гузашт.
Аммо сухангӯи Толибон Забиҳуллоҳ Муҷоҳид мегӯяд, ки ҷангҳо ҳанӯз идома доранд.
Ҷангиёни Ал-Қоида бо сарварии Бин Лоден баъди оғози амалиёти эътилофи байналмилалии таҳти раҳбарии ИМА ва сарнагун шудани ҳукумати Толибон дар Кобул, ба ғорҳои Тора Бора паноҳ бурданд.
Ийолоти Муттаҳидаи Амрико соли 2001 баъди он ба Афғонистон ворид шуд, ки Ал-Қоида дар Маркази Ҷаҳонии Тиҷорати Ню Йорк ва Пентагон ҳамлаҳои террористӣ анҷом дод.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ