Дилафрӯз Рӯзибоева: Омўзгор бояд идеал бошад
Чанд сол аст, ки муаллима Дилафрӯз Рӯзибоева рӯзи кориашро дар саҳни мактаб оғоз мекунад. Аз субҳи барвақт омӯзгорону хонандагонро пешвоз мегирад. Ӯ ҳар як хонандаи мактабро мешиносад. Ба авзои онҳо нигариста, дарк мекунад, ки бо чӣ руҳия хонанда ба дарс омадааст…
Касби омӯзгорӣ барояш меросист. Бо нони муаллим ки ба воя расидааст, дар ин роҳ софдилонаву ҷиддӣ кор мекунад.
Рӯзибоева Дилафрӯз зодаи шаҳри Истаравшан аст. Дар оилаи омӯзгор шодравон Набиҷон Рӯзибоев — яке аз муаллимони соҳибтаҷрибаи ин шаҳри куҳан таваллуд шудааст.
“Чун падарам омӯзгор буданд, ба рафтору гуфтори эшон бо ҳавас менигаристам. Аз кӯдакӣ орзуи муаллим шуданро дар қалбам мепарваридам. Вақте падарам аз ин хоҳишам огоҳ гаштанд, хурсанд шуданд ва бароям дуои нек доданд”,- мегӯяд ӯ.
Соли 1994 ӯ мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №4 ба номи С. Айниро бо баҳои аъло хатм карда, бо сари баланд донишҷӯйи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров гардид. Аз соли 1997 фаъолияти омӯзгориро дар мактаби хатмкардааш оғоз кард ва то соли 2005 дар ин даргоҳ ба таълиму тарбияи насли наврас машғул шуд. Баъдан, ба Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №56-и деҳаи Зарнисори шаҳри Истаравшан ба кор гузашт ва то имрӯз дар ин даргоҳ фаъолияти босамар дорад.
Дилафрӯз Рӯзибоева аз оғози фаъолияти корӣ аз шеваҳои ҷадиду муосир сарукор гирифта, дар кори таълиму тарбия ҳамеша пешсаф буд. Дар ташкили дарсҳои тарбиявӣ ва чорабиниҳои мактабӣ низ фаъолияти назаррас нишон медод. Ҳамин буд, ки соли 2014 ӯро ба вазифаи директори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №56-и деҳаи Зарнисори шаҳри Истаравшан таъйин карданд. Интихоби ӯ ба ин вазифа иштибоҳ набуд, зеро пас аз сарварии мактабро ба дӯш гирифтани ин бонуи матинирода дар муассиса тағйироти назаррас ба мушоҳида мерасад. Махсусан сатҳи таълим дар муассиса беҳ шуда, дониши хонандагон баланд гардид. Дар давоми роҳбарии Дилафрӯз Набиевна чандин нафар хонандагони мактаб дар олимпиадаҳои фаннӣ ва чорабиниҳо ширкат карда, сазовори ҷойҳои намоён гардиданд. Барои мисол, танҳо дар соли 2021 ду нафар хонандаи муассиса — Азимова Зулхумор, хонандаи синфи 10 ва Марями Суҳроб, хонандаи синфи 11 ба гирифтани стипендияи Президентӣ сазовор шуданд. Хонандаи дигар — Ҳаитова Маҳина, толибилми синфи 11 бошад, гирандаи стипендияи раиси шаҳр гардид.
Дилафрӯз Рӯзибоева бо волидайни хонандагон, бо кумитаи падару модарони мактаб, ки роҳбарии онро собиқадори меҳнат Карим Азимов ба уҳда дорад, робитаи зич дорад. Барои дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия кардани хонандагон талош мекунад. Ҳамин аст, ки ҳамасола чанд нафар хатмкунандаи муассиса бо ихтиёри худ ба хизмати модар — ватан мераванд.
Дилафрӯз Рӯзибоева дар корҳои бунёдкориву созандагӣ пайрави Пешвои миллат аст. Кӯшиш мекунад, ки пайваста бисозад, бунёд кунад. Ба истифода додани толори варзишӣ барои хонандагон ба муносибати 30-солагии истиқлолияти Ватан далели ин гуфтаҳост.
Ҳамчунин, дар ин авохир ӯ ду синфхонаи муҷаҳҳаз бо технологияи муосир ва ошхонаи мактабиро ба истифода дод, ки боиси таҳсини ҳамагон шуд.
“Мо бахшида ба ҳама рӯзҳои таърихӣ ва ҷашнҳои давлатӣ дар муассиса чорабиниҳои фарҳангӣ барпо мекунем, то ки хонандагон аз таъриху тамаддуни гузаштаи халқамон огоҳ шаванд. Дар ин маросимҳо падару модаронро ҳам даъват мекунем. Ҳамаи ин ба хотири он аст, ки мактаб бо волидайн бояд якҷо кор кунанд”,- мегӯяд Дилафрӯз Набиевна.
— Чӣ бояд кард, ки муассисаи таълимӣ намуна бошад?,- мепурсам аз Дилафрӯз Рӯзибоева, ки таҷрибаи бисёрсолаи корӣ дорад.
— Кор мебояд,- посух медиҳад ӯ.
Дар посухи соддаи ин зани ҳалиму меҳрубон як ҷаҳон такопӯ, шабҳои бехобӣ, даводав ва заҳмат ниҳон аст, ки намехоҳад онро бигӯяд, зеро худтаърифкуниро дӯст намедорад.
Дилафрӯз Рӯзибоева дар баробари роҳбари муваффақ будан, оилаи намунавӣ дорад ва соҳиби ду фарзанд — Азимҷон ва Сабрина аст, ки яке донишҷӯ ва дигаре хонандаи мактаб мебошад.
Хизматҳояш бо унвони Аълочии маориф ва илми ҶТ ва ифтихорномаҳо қадрдонӣ шудааст.
Дар арафаи 8-уми март — Рӯзи модар ба ин бонуи матин ва ободкору тарбиятгар барор мехоҳем.
Раънои ЗОИРДУХТ,
шаҳри Истаравшан
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ