Дилбар Умарова: Ман беҳтарин зан ҳастам! (Видео)
Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Дилбар Умарова 70 — сола шуд, аммо мавлуди ӯ дар доираи маҳдуди оила ва дӯстон таҷлил гардид. Албатта, ҳамкоронаш дар театр ӯро фаромӯш накарданд ва дар оғози мавсими имсола, ки мусовӣ ба мавлуди ӯ омад, барояш гулдаста ҳадя намуданд. Чаро ҳунарпешае, ки номаш қариб ним аср вирди забонҳост ва худаш гули сари сабади маҳфилҳост, мавлуди хоксорона доир кард? Суҳбати мо ҳам аз ҳамин суол оғоз шуд…
Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Дилбар Умарова 70 — сола шуд, аммо мавлуди ӯ дар доираи маҳдуди оила ва дӯстон таҷлил гардид. Албатта, ҳамкоронаш дар театр ӯро фаромӯш накарданд ва дар оғози мавсими имсола, ки мусовӣ ба мавлуди ӯ омад, барояш гулдаста ҳадя намуданд. Чаро ҳунарпешае, ки номаш қариб ним аср вирди забонҳост ва худаш гули сари сабади маҳфилҳост, мавлуди хоксорона доир кард? Суҳбати мо ҳам аз ҳамин суол оғоз шуд…
Ман халерик ҳастам
-Ман худам нахостам, ки мавлудамро дар театр бошукӯҳ ҷашн гиранд, — гуфт ҳунарпеша ва баъди каме ба андеша фурӯ рафтан идома дод, — зеро зарур намешуморам, ки ман дар як гӯшаи саҳна истам ва маро бонавбат, ботакаллуф таъриф бикунанд. Аслан ин ба ман зарур нест. Рости гап, директори театр Лутфулло Давлатов ҳанӯз аз ибтидои сол пешниҳод кард, ки барои бенефис омода шавам, аммо рад кардам.
-Барои густохӣ маъзарат мехоҳам, вале ба он хотир, ки синну соли худро намехоҳед эътироф кунед, шояд бенефис барпо накардед?
—(Механдад) Не, зиндагии ман барои ҳамагон ошкор аст ва ман синну соли худро пинҳон намекунам, аммо синну сол барои ман моҳият надорад ва монеа нест. Ман шукр, ки кор мекунам, фаъол ҳастам набераҳоямро ба воя мерасонам ва аз ҳар лаҳзаи ҳаёт лаззат мебарам.
-Воқеан, шумо дар муқоиса ба санае, ки дар шиносномаатон сабт шудааст, хеле ҷавонтар менамоед ва пурэнерживу ҳамеша хурсанд ҳастед…
-Ин вазифаи ман аст, ки дар байни халқ ҳамеша бо чеҳраи кушодаву бо либоси озода бошам. Устодони мо дар Маскав ба мо насиҳат мекарданд, ки ҳунарманд вақте байни халқ мебарояд, бояд ғаму андуҳ ва ҳатто бадбахтиашро набояд намудор кунад. Дигар ин ки ман худам халерик ҳастам ва ягон лаҳза наметавонам ором ё бекор бошам.
-Чанд сол аст шуморо мешиносам ва ҳамеша гумон мекунам, ки гӯё хушбахттарин одами рӯйи дунё бошед.
-Шукр, ки хушбахт ҳам ҳастам. Шукр, ки мардум маро эътироф ва эҳтиром мекунанд, танам солим асту фарзандонам осуда…
—Аммо ман медонам, ки зиндагии ҳунармандон ба душворӣ мегузарад, маош кам, нафақа ночиз…
-Маош кам гуфта худамро кушам –мӣ? Гиря карда гардам-мӣ. Кам, албатта, маоши шумо ҳам кам аз халқ боз ҳам камтар. Аммо шукри Худо маошам ба худам мерасад ва илова бар ин фарзандонам кумак мекунад. Ман баднафс нестам. Ҳеҷ гоҳ назди касе нанолидаам ва нолишро ҳам нағз намебинам… Зарбаҳое зиёдеро пушти сар кардам, азоб кашидам, бепул ҳам мондаам, бо ду кӯдак танҳо низ, аммо нанолидаам…
-Чанд фарзанд доред ва онҳо чӣ кор мекунанд?
-Ман ду писар дорам. Писарам Далер се донишкадаро хатм кард. Нахуст ВГИК – Институти кинематографияи шаҳри Маскавро хатм намуда, дар кино кор карданӣ буд, вале ҷанги шаҳрвандӣ орзуҳояшро барбод доданд. Баъди ин дар Донишгоҳи Покистон ва муддате дар Англия таҳсил кард ва ҳоло дар ташкилоти байналмилалӣ кор мекунад. Писари дувумам Ҳоҷиҷамол дар Русия зиндагӣ мекунад ва дар яке аз тарабхонаҳо шеф-повар аст. Шукр, ки фарзандони хуб дорам ва онҳо ба ман набераҳои дӯстрӯ ҳадя карданд…
-Ба бибӣ будан чӣ гуна созиш кардед?
-Бибӣ будан хушбахтӣ аст. Чанд рӯз пеш филми “Игра престолов”-ро тамошо мекардам, ки набераи калониам Суҳайло аз ман пурсид: “Ин филм 8 қисм аст, шумо ҳамаашро тамошо мекунед?”. “Не, чашмам афтад, мебинам, зеро филми хуб аст”- посух додам. Ҳамин лаҳза набераи хурдиам, ки 6 сол дорад ва рӯйи хона бозӣ мекард гуфт: “Ну надо же, я не знал что старухи тоже сморят такие филмы”. Ман ҳам худамро ҷиддӣ вонамуд карда, пурсидам: “Чӣ гуфтӣ? Кани хез, пеши старухаҳо ба нашин!”. Вай зуд ба “сафед” кардани худаш даромад: “Ой простите я хотел сказат бабушки…” ва як ҳафта боз аз ман узр мепурсад… Чӣ тавр ин фариштаҳоро одам дӯст надошта метавонад. Ман ҳоло як соати худро бе набераҳои ширинам тасаввур карда наметавонам.
“Настаящая артистка!”
-Худи шумо ҳам хеле кӯчак, дар синни 7 — солагӣ ба дунёи синамо ворид шудед ва дар сабти шоҳкори синамои тоҷик “Ман бо духтаре вохӯрдам”-и Рафаэл Прелштейн ширкат кардед? Ба ин филм чӣ гуна роҳ ёфтед?
-Ҳанӯз дар синфи якум таҳсил мекардам. Як рӯз дари синфхонаи мо кушода шуду чанд нафар даромада омаданд. Марди мӯйлабдори қоматбаланд, синфро бодиққат аз назар гузаронида, ба ман наздик шуд ва ба ҳамроҳонаш нигоҳ карда гуфт: “Ана ҳамин шаҳлочашм мешавад”… Ин шахс Тоҳир Собиров буданду ҳамроҳашон наворбардори филм Яков Кулиш. Ман намедонистам, ки инҳо чӣ хадаф доранд, бинобар ин, баъди рафтанашон ҳатто ин вохӯриро аз ёдам баровардам. Як рӯз субҳ падарам маро гирифта, ба як майдон бурданд, ки он ҷо даҳҳо нафар машғули кор буданд. Он киностудияи “Тоҷикфилм” буд. Аз тарс ба гиря даромадам ва Тоҳир Мухторович ба ман селофани қандҳои ҳархеларо нишон дода, ором карданд ва фармуданд, ки ҳамон ду калимаро гӯям. Ҳамин тавр нақши хурди ман ба вуҷуд омад. Духтарчае, ки аз рақси Лола мафтун шуда, мегӯяд:
-“Настаящая артистка”…
-Шояд ҳамин филм такон доду шумо ба санъат рӯ овардед?
-Не, ман ҳеҷ гоҳ нияти актриса шуданро надоштам. Мехостам мисли падарам – Усмон Умаров, ки мисли шумо журналист буданд, шахси эҷодкор шавам. Мақолаҳо менавиштам, шеърҳоям дар нашрияҳои кӯдакону наврасон ба табъ мерасид, аммо тақдир маро ба ГИТИС овард. Ҳол он ки ман дар бораи ҳунари бозигарӣ ҳеҷ маълумот надоштам.
-Шумо кай саҳнаро, санъатро эҳсос кардед?
— Вақте ки дар Маскав зимни тамринҳо бори нахуст маро ба саҳна бароварда фармуданд, ки суруд хонам, рад кардам. Зеро ман он замон хеле кӯчак, қадам паст, ҷуссаам ташаккулнаёфта ва хеле шармгин будам. Борис Бибиков чун рад кардани маро шуниданд, бошиддат пурсиданд: “Пас шумо чӣ кор карда метавонед?”. Дидам, ки илоҷ нест бинобар ин “Рақсида метавонам” гуфтам. Ҳамин тавр, аз таги дилу ҷон, бо меҳру муҳаббат рақсидам. Нигоҳҳои онҳо ва парвози ногаҳонии худамро ҳамон рӯз дарк кардам, ҳамон рӯз эъҷози саҳнаву санъатро ҳис кардам. Баъди ин худораҳматӣ устодамон Борис Бибиков маро “огурчик” гуфта, муроҷиат мекарданд. Ёди устодам ба хайр.
-Чун аз Борис Бибиков ёдоварӣ кардед, наметавонам дар мавриди ӯ суол накунам. Аслан шогирдони москвагиаш омадани ӯро ба Тоҷикистон маҳкум мекунанд, шумо чӣ?
-Омадани Бибиков ба Тоҷикистон барои мо хуб буд, зеро устодамонро медидем, маслиҳат мепурсидем. Ӯ баъди марги ҳамсараш профессор Олга Пижова дар Маскав азият мекашид, Малика Ҷӯрабекова, ҳамкурси мо ӯро ба Душанбе оварда, нигоҳубин кард. Вале барои Бибиков барин гигант Душанбе танг буд, ӯ ин ҷо танҳоӣ мекашид…
Э, рӯйхунук, натарс!
-Шумо баъди хатми ГИТИС бо ҳамкурсҳои маъруфатон, ки ҳоло ҳама ҳунармандони унвондоранд, дар Театри ҷавонон асос гузоштед ва солҳои дароз беҳтарин нақшҳоро ҳам дар саҳнаи он офаридед? Вале аз он театр рафтед. Сабаб чист?
-Гап дар сари он ки ба ман дар маркази шаҳр хона доданд, аммо театр кӯчида ба бинои имрӯзааш рафт. Ман он шабу рӯз хеле серкор будам, сабти филмҳову телевизион, дар радио барномаҳоро мехондам ва қариб дар ҳама репертуари театр банд будам. Илова бар ин, ду фарзандамро бояд нигоҳубин мекардам. Ташвиши зиндагиам хеле зиёд шуд, бинобар ин ба хулоса омадам, ки аз баҳри яке гузарам. Чун роҳи театр дур буд, қарор додам, ки театрро тарк карда, ба кори телевизион гузарам. Зеро як муддат дар идораи дубляж фаъолият карда, дар се-чор филм ба сифати режиссёри дубляж кор кардам. Филми “Марди мутааллиқи ду зан”-ро дар Маскав тарҷума кардем. Яъне, аллакай вориди ин кор будам. Ҳамин тавр, барои рафтан аз театр ариза навиштам. Аризаи ман ба дасти вазири вақти маданият Султон Мирзошоев расид. Он кас маро ҷеғ зада сабаб пурсиданд, ман вазъиятро фаҳмонидам. Султон Шарифович маро хеле насиҳат карда, як моҳ барои фикр кардан муҳлат доданд ва дар охир гуфтанд: “Ман ту барин актриса бисёр надорам, ки туро ҷавоб диҳам. Ту барои саҳна лозим ҳастӣ”… Ҳамин тавр, баъди чанде маро ба Театри давлатии академӣ – драмавии ба номи А. Лоҳутӣ, ки дар наздикии хонаам аст, фиристоданд…
-Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи А. Лоҳутӣ шуморо чӣ хел қабул кард, зеро одатан коллективи театрҳо бегонаро зуд қабул намекунанд?
-Ман барои Театри давлатии академӣ – драмавии ба номи А. Лоҳутӣ бегона набудам, зеро дар филмҳо ва дубляж бо ҳунармандони ин театр якҷоя кор мекардем. Ман аз ҷавонӣ бо Хайрӣ Назарова, Аслӣ Бурҳонов, Бурҳон Раҷабов, София Тӯйбоева, Ато Муҳаммадҷонов, Маҳмудҷон Воҳидов дар сабтҳои мухталиф ширкат мекардам. Яъне, онҳо маро ҳамчун ҳунарманд мешинохтанд ва муносибати хуб доштем. Албатта, чанд нафар аз занҳо аввал каме аз омадани ман нороҳат шуданд, аммо диданд, ки ман аз гурӯҳи одамоне нестам, ки луқмаи касеро кашида гирам, муносибаташонро бо ман хуб карданд ва баъдан дугона шудем. Ҳоло коллективи хеле хуби эҷодӣ дорем.
-Аввалин нақши шумо дар саҳнаи Театри академӣ — драмавӣ кадом буд?
-Баробари омаданам ба Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ нақши зани яҳудӣ аз спектакли “Вопасин арӯси Амиралмуъминин”-ро ба ман доданд. Ин беҳтарин нақши ман ва беҳтарин спектакл буд, зеро дар он ҳамроҳ бо Тӯҳфа Фозилова нақш мебозидем.
-Имрӯзҳо Тӯҳфа Фозилова образи афсонавӣ шудааст. Бо вуҷуди он ки солҳост аз дунё рафта, аммо ҳанӯз ҳам номаш вирди забонҳост. Сабаби маҳбубияти ин ҳунарпеша дар чист? Ӯ дар саҳна ва ё дар ҳаёт чӣ гуна инсон буд?
-Тӯҳфа Фозилова воқеан инсон ва ҳунарманди афсонавӣ буданд. Қувваи ҷозибае, ки дар он кас буд, дигар дар ҳеҷ нафар надидаам. Он кас хеле шахси бузург буданд. Вақте устод Тӯҳфа Фозилова ба саҳна мебаромаданд, бовар кунед, толор чунон хомӯш мешуд, ки агар паша пар занад, садояшро мешунидед. Тамошобин баробари дидани эшон гӯё маст мешуд ва ҳар қадам, ҳар ҳаракаташонро бодиққат нигоҳ мекард, зеро ҳар ҳаракати эшон маъно дошт. Чун Тӯҳфа Фозилова бо ҷавонон дӯст буданд, маслиҳатҳои худро дареғ намедоштанд. Вақте “Вопасин арӯси Амиралмӯъминин”-ро супоридем эшон маро ба пардозхона, ана ҳамин ҳуҷрае ки суҳбат карда истодаем ҷеғ зада, гуфтанд: “Э рӯйхунук (он кас ба ҳама чунин муроҷиат мекарданд), ин ҷо биё” ва ба нишастан даъват карда фармуданд: “Аз ҳеҷ кас натарс, кор кун. Ин ҷо одама хелеҳо пешпо метиян, аммо таваҷҷуҳ накун, фақат кор кун”. Солҳо гузашт ва баъди марги эшон зимни тақсимот пардозхонаи он кас ба ман расид ва имрӯз ман дар ҷойи он кас нишастаам. Ин як тасодуф буд, аммо рӯҳи он кас ба ман мадад мекунад.
-Ҳоло дар чанд спектакл нақш мебозед?
-Чанд — то. Ман шукр, ки бекор нестам ва ҳамеша дар театр банд мебошам. Айни замон зиёд рол намегирам, ҷавонон бояд нақш офаранд, ман аз бозӣ сер шудам. Ба ҳар ҳол, ҳар сол як спектакли нав месупорем. Соли гузашта Сара Бернарро бозӣ кардам. Ҳозир дар намоишномаи Диаген роли гейшаро бозӣ мекунам. Порсол “Шулук”-ро супоридем… Ин спектаклҳо дар репертуар ҳастанд ва мераванд.
-Умуман, ба фаҳмиши шумо театр чист?
-Театр оинаи ҳаёт аст, гуфтаанд бузургон. Баро ман театр тамоми зиндагиам, ҳаётам, буду шудам аст. Ман барои театр аз ҳама чиз гузашт кардам, аз ҳама чиз…
-Мисол?..
-Аз филмҳои зиёд даст кашидам. Баъзан вақт аз киностудия режиссёрҳо барои ман мактуб мефиристонд, директорони театрҳо менавиштанд, ки Дилбар дар репертуар банд аст ва наметавонад, сабт равад ва инро ҳатто ба ман хабар намедоданд. Беҳтарин ролҳо аз даст рафтанд…
Ҳамеша бо кино
-Баъди “Ман бо духтаре вохӯрдам” шумо зуд ба кино баргаштед?
-Бале, ман аллакай аз курси якум ба кино даъват шудам. Нахуст як эпизод дар “Рустам ва Сӯҳроб” бозӣ кардам ва баъди ин дар “Қиссаи зиндони Павиак”-и Суҳбат Ҳомидов нақши марказӣ – Гулнисоро иҷро кардам.
-Яъне, дар замони донишҷӯӣ маъруфият ба даст овардед. Ин чӣ эҳсос буд?
-Албатта, ифтихор, зеро дар замони донишҷӯӣ ба ҳама ин гуна имконият даст намедиҳад. Ман гоҳо 2-3 моҳ дар сабтҳо банд мешудам, ки албатта ба донишгоҳ маъқул набуд, вале устодони азизам Олга Ивановна ва Борис Влаимирович низ аз ин фахр карда, маро ҳимоя мекарданд. Ҳамин тавр, солҳои баъдӣ дар «Вақте ки осиё бозмонд», «Зане аз роҳи дур», «Боз як шаби Шаҳрзод», «Сароби ишқ», «Дарди ишқ» ва ғайра нақшҳои асосиро иҷро кардам.
-Кадоме аз ин нақшҳо бештар ба шумо писанд аст?
-Ҳамашон, зеро барои ҳар яки ин ман заҳмат кашидаам. Дар ибтидо нақшҳои мусбиро иҷро мекардам, духтарҳову занҳои боодобу хушрафтор. Барои ин бозӣ ҳам лозим не, сараката хам куну нақшатро ҳарфатро гӯӣ ҳам мешавад, аммо вақте ба иҷрои нақшҳои характернок гузаштам, кор барои худам кайфият мебахшид. Зеро ман актрисаи ролҳои характернок ҳастам.
-Дар яке аз филмҳое, ки солҳои охир нақши ҷолиби марказиро иҷро кардед — “Парӣ аз пушти кӯҳи Қоф” образи занеро меофаред, ки хеле шӯх асту чаққон, маъракаободгар, вале фоҷиаи зиндагии ӯ хеле муассир аст. Ман зимни тамошои филм гоҳо шуморо он ҷо медидам…
-Бале ӯ гоҳо ба ман монанд аст ва шояд сабаб ҳамин бошад, ки иҷрои ин нақш ба ман ба хубӣ даст дод. Ҳанӯз солҳо пеш коргардон Баҳром Сайфиддинов ба ман гуфта буд, ки маҳз барои шумо сенария навишта истодаам, зеро ӯ аз зиндагии ман огоҳ аст. Кор дар ин филм барои ман хеле гуворо буд. Он дар деҳаи зеботарини Тоҷикистон Вешаби афсонавии ноҳияи Айнӣ ба навор гирифта шудааст.
-Шумо дар оғози суҳбат гуфтед, ки аз бозӣ сер шудам, вале гумон намекунам, ки ташнагии эҷодиатон ҳанӯз шикаста бошад…
-Албатта, ман ҳанӯз ҳам мисле, ки бори нахуст ба саҳна мебаромада бошам, бо ҳаяҷон ва кайфияти том назди тамошобин мебароям. Аммо ман беҳтарин нақшҳоямро дар саҳна бозӣ кардам: Рашел («Васса Железнова»-и М.Горкий), Дилшод («Дилшод»-и А.Сидқӣ), Хайрӣ («Эҳ ҷавонӣ ҷавонӣ»-и М.Бахтӣ), Бахмал («Охирин арӯси Амиралмӯъминин»-и Ф. Муҳаммадиев), Софя («Дод аз дасти ақл»-и А.Грибоедов ) ва ғайра…
-Вай замон театр ҳам хуб буд, ҳоло бошад театрамон суст…
-Ман ба гапи шумо зид ҳастам, театри мо ҳоло ҳам асарҳои хубро рӯйи саҳна меорад. Албатта, чизҳои суст ҳам дорем, аммо спектаклҳои нағз ҳам кам нестанд. Охирин спектакле, ки театри мо пешкаши тамошобин кард, “Фирдавсӣ” аст, ки беҳтарин асари саҳнавӣ аст.
Магар фақат шавҳар хушбахтист?
-Шумо бо режиссёр Зафар Ҷаводов оиладор шуда, соҳиби ду фарзанд шудед, аммо ҳанӯз дар ҷавонӣ танҳо мондед. Сабаб чӣ буд? Рашк?..
-Рашк не. Шавҳарам ба реҷаи ҳаёти ман тоқат карда натавонист. Мард мехоҳад, ки вақте аз кор меояд, занаш дарро кушода, ӯро пешвоз гирад, хӯрок пазад, меҳрубонӣ кунад, аммо ман дар спектаклҳо, сабтҳо, сафарҳо хеле банд будам. Сафарҳои хориҷӣ ва сабтҳои шабона ҳам доштам. Ҳамин тавр, шавҳарам тоб наовард. Баъдан, дигарон ба ҳаёти мо халал расониданро оғоз карданд, мехостанд дар бораи шавҳарам ҳар хел гапҳоро ба ман расонанд… Ҳамин тавр, мо ҷудо шудем…
-…ва шумо бо ду кӯдак танҳо мондед?
-Танҳо ҳам не, зеро хусуру хушдоманам ва падару модарам дар тарбияи кӯдакон ба ман кумак мекарданд. Онҳо фарзандони маро ба воя расониданд. Шавҳарам ҳам бо вуҷуди ҷудо шуданамон ҳамеша гӯё бо мо буд. Ӯ ҳоло ҳам хонаи мо меояд ва мо муносибати хуби дӯстона дорем.
-Аҷиб аст, яъне шумо кинагир нестед?
-Бале, мо воқеан дӯст ҳастем ва ҳоло байни мо ягон хел гапи зиёдатӣ нест. Тақдир будааст, ки зиндагии мо ҳамин тавр шуд… Албатта, дар аввал зиқ шудам, аммо зуд гузашт… ман аризаи ҷудошавиро худам навиштам ва баъди чанде дар зан гирифтани ӯ кумак кардам, кӯрпача дӯхтам… Ҳоло падари фарзандонам вақте барои дидорбинии набераҳояш хона меояд мепурсам: “Палонҷи ман чӣ хел?”… Шумо бовар мекунед? Ман ҳамин хел зан ҳастам…
-Ҳунарманд то чӣ андоза метавонад зани хуб шавад?
-Ман барин зан нест, ман беҳтарин зан ҳастам. Ман тамоми кори хонамро мекунам, мепазам медӯзам, мешӯям. Кулчақанду хӯрокҳои беҳтарину болаззаттарин мепазам…
-Ба ҳар ҳол гумон мекунам, ки бахт барои инсон муҳим аст?
-Магар бахт фақат шавҳар аст?…
-Аммо баъзан вақт барои зан китфи мардона лозим, ки такя кунад…
-Албатта, махсусан вақте одам калонсол мешавад, Худоҷон касеро муҳтоҷи дигарон накунад, бемор мешавад, танҳо мемонад хеле мушкил аст. Дил мехоҳад, ки дар ҳамин лаҳза саратро ба китфи шавҳар гузориву гӯйӣ: — “Мне плохо…”, аммо ин зуд мегузарад. Ин лаҳзаест, ки ман ба он дода намешавам. Ҳоло шукр, набераҳо ҳастанд ва ман танҳоиро ҳис намекунам…
Мусоҳиб
Одил Нозир
“Тоҷикистон”
P.S. Аҳли қалами ҳафтаномаи «Тоҷикистон» Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, устоди санъат Дилбар Умароваро бо мавлудаш табрик намуда, барояш саломатӣ ва саодати рӯзгорро таманно доранд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ