“Дилбари Мастчоҳӣ”-и Комилҷон Зарипов (Видео)
Овозхони ҷавони тоҷик Комилҷон Зарипов таронаи «Дилбари мастчоҳӣ” бар шеъри Олимхон Исматиро бо як клипи хеле зебо пешкаши мухлисон кард. Клип дар деҳаи Такфон, ки вижагиҳои деҳаҳои қадимаи кӯҳистонро ҳифз кардааст, сабт шуда, модели шинохта Фотима Мирзохонова, раққосони ансамбли «Чаман” ва худи Комилҷон дар он бо либосҳои қадимаи мардуми Мастчоҳ бозӣ мекунанд.
Сабки таҳияи клипи таронаи «Дилбари Мастчоҳӣ” мухлисонро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва дар Интернет ба ваҷд овардааст, зеро он мисли як филми хурди фолклорӣ таҳия шуда, тамошобинро дар баробари шунидани тарона бо вижагиҳои зиндагии мардуми кӯҳистони Зарафшон, либосҳои қадимаи ин мардум, ҳунари хонасозӣ ва дигар паҳлуҳои фолкораш ошно.
На танҳо худи Комилҷон, балки чандин нафарони дигар ин клипи ҷадидро дар саҳифаҳои худ гузошта, ба гурӯҳи эҷодие, ки онро рӯи кор оварданд, аҳсан гуфтанд. Дар ҳақиқат ин клиптаронаи Комилҷон аз клипҳои пешинааш ба куллӣ фарқ мекунад, зеро сатҳу сифати кор ин навбат чашмрас аст. Клиптаронаи «Дилбари Мастчоҳӣ”-ро ба «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” рабт додан мумкин аст, чунки дар он манзараҳои зебои ноҳияи Айнӣ ва сару либоси қадимии бонувони Мастчоҳ таҷассум гардидааст. Матни ин тарона ба қалами Олимхон Исматӣ тааллуқ дошта, оҳангаш азпадари Комилҷон – ҳунарманди боҳунарҚобилҷон Зарипов мебошад.
Нақши ҷавони ошиқро дар клип худи Комилҷон ва нақши духтари Мастчоҳиро модели шинохтаи тоҷик Фотима Мирзохоновна бозӣ мекунанд ва муваффақ низ шудаанд.
Намоҳанги «Дилбари Мастчоҳӣ” дар деҳаи Такфони ноҳияи Айнӣ аз ҷониби ширкатиRaw Production наворбардорӣ шудааст. Комилҷон аз мардуми меҳмондӯсти деҳаи Такфон, аз Фотима Мирзохонова, Баҳриддини Сабур, Манучеҳри Давлат ва ансамбли рақсии «Чаман” барои саҳм гузоштан дар эҷоди клипи ҷадид изҳори сипос кард.
Дар посух ба ин саволи сомонаи «Ахбор”, ки клип шанд шабонаруз рӯи навор омад?, Комилҷон бо ханда гуфт: «Бовар кунед, хеле азоб кашидем ва 7 шабонарӯз дар ин деҳа барои омода намудани клипи «Духтари Масчоҳӣ» хайма зада, онро руи навор овардем. Заҳматаш зиёд буд вале аҳсану офарини мардум он ҳамаро рӯйпӯш намуд.”
Комилҷон Зарипов фарзанди Ҳунарманди Шоистаи Тоҷикистон Қобилчон Зарипов 10 августи 1992 дар деҳаи Куруди ноҳияи Айнӣ дар оилаи ҳунарманди шинохта Қобилҷон Зарипов ба дунё омадааст. Соли 2011 гимназияи шаҳри Душанбе ва баъдан Донишгоҳитехнологии Тоҷикистонро хатм кардааст ва ҳоло дар соли сеюми Консерваторияимиллии ба номи Талабхӯҷа Сатторов таҳсил мекунад.
Оиладор,соҳиби 1 фарзанд бо номи Умарчон.
Бознашр аз «Ахбор»
Комилчон Зарипов Дилбари Масчохи /2018/ Нав
Opublikowany przez Komiljon Zaripov Czwartek, 4 października 2018
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ