Дилфуза аз  президент султон сохтанист

 

Ҳунарманди синамо ва овозхони 49-солаи Узбекистон Дилфуза Исмоилова таронаи «Бигзор, султони ин сарзамини зебову солим бошад»-ро ба президент Шавкат Мирзиёев бахшид.

Матни суруд ба шоир Тоҳир Муҳаммад ва оҳанги он ба оҳангсоз Рустам Тулашов тааллуқ дорад. Исмоилова мегӯяд, ин тарона моҳи декабри соли 2016, баъди интихоби Шакат Мирзиёев ба мақоми президент  «бо амри дил» суруда шуд.Узви Иттиҳоди оҳангсозони Ӯзбекистон мусиқишинос Равшанбек Матҷонов мегӯяд, ки дар давраи президентии Ислом Каримов, таҳияи сурудҳои ситоишӣ ташвиқ намешуданд ва ҳатто бархе овозхонҳо барои ин гуна таронаҳояшон ҷазо мегирифтанд.»Сурудҳои ситоишӣ ба эфири телевизионҳои асосӣ ва чорабиниҳои расмии консертӣ роҳ намеёфтанд. Мурод Муҳаммад Дӯст, сухангӯи президенти нахустини Узбекистон ва мушовири давлатӣ Хайриддин Султонов сурудани чунин таронаҳоро манъ карда буданд. Албатта, баъзе сарояндаҳо мехонданд, вале онҳоро ба саҳнаи бузург роҳ намедоданд», изҳор дошт Матҷонов.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *