Дилноза Раҳимӣ: Шикасти ишқ маро машҳур кард
Ҳунарпешаи ҷавон Дилноза Раҳимӣ, хатмкардаи Донишкадаи фарҳанг ва санъати Тоҷикистон буда, чанд сол дар Театри ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидов фаъолият дошт. Дар филми “Қишлоқи сангин” нақши марказиро бозидааст. Ӯ аъзои Ассотсиатсияи блогерон буда, дар бисёр роликҳои тарбиявӣ нақш мебозад. Соли 2023 ҷоизаи “Ҳунарпеша — блогери сол”-ро соҳиб шуд. Мо бо Дилноза Раҳимӣ дар мавриди зиндагии шахсӣ, фаъолияти касбӣ, оиладоршавӣ ва фаъолияташ дар фазои Истаграмм мусоҳиба оростем, ки фишурдаи он манзури шумо мешавад.
-Дилноза, худатонро дар фасли тирамоҳ чӣ гуна ҳис мекунед?
—Ман тирамоҳро дӯст медорам, аммо аз сабаби он ки тирамоҳ баргҳои зард дорад, каме руҳияи одамро дигар мекунад, ғамгин мекунад, вале ман ин ғамгиншавиҳоро дӯст медорам. Тирамоҳро бо ҳама камбудиҳояш дӯст медорам, мисли одамҳо.
-Ҳамон духтараки хурдакак, ки аз худи шаҳри Панҷакент ба Душанбе омада, қуллаи муваффақиятро фатҳ кард, чӣ гуна ба ин зина расид?
—Воқеан шахс агар дар зиндагӣ ба ҷое мерасад, албатта азоб мекашад, дар ҷое мешиканад, меафтад, дар ҷое ӯро мешикананд ва маҳз ҳамин чизҳо сабаб мешавад, ки инсон ба ҳамон мартабае, ки мехоҳад расидан, мерасад. Аввал бояд ба Худованд бовар кард, баъдан ба худ.
-Шумо дар озмуни ҷумҳуриявии “Овози тиллоӣ” иштирок карда, муваффақ нашудед ва бо як сухани таъсирбахш дучор омадед, ки “ҷодаи санъатро тарк кунед, санъат ҷойи шумо нест”, чӣ гуна инро ҳазм карда, фаъолияти ҳунармандиро давом додед?
—Соле, ки дар озмун иштирок кардам, хеле ҷавон будаму он ҷумла ба ман ҳамон замон хеле сахт расида буд ва маҳз ҳамон гап ба ман қувва дод, ки роҳи худро дар ҷодаи санъат давом диҳам. Ман аз хурдӣ медонистам, ки дар дилам оташе ҳаст ва бояд онро рӯшан кунам. Аз ин рӯ, тасмим гирифтам, ки аз санъат дур намешавам ва шахсе мешавам, ки шумо маро бинеду гӯед, воқеан санъат ҷояш будааст.
-Модаратон вақтҳои охир шуморо дар шарҳи наворҳоятон бисёр дастгирӣ мекунад. Он кас розӣ буданд, ки ҳунарпеша шавед?
—Соли 2022 дар силсилафилми “Қишлоқи сангин” дар нақши асосӣ бозӣ кардам ва вақте ки нахустнамоиши филм барпо шуд, ман аз модарам хоҳиш кардам, ки дар он иштирок кунанд. Вақте ки модарам маро миёни устодони бузурги санъат, ҳунармандони ҳирфаӣ, дӯстону рафиқон ва дар экрани калон диданд, хеле хушҳол шуданд ва бовар карданд, ки духтарашон воқеан калон шудаасту дигар духтари хурдакак нест.
-Кадом вақт ба сахттарин стрес дар ҳаётатон дучор омадед?
-Воқеан ман ба чунин ҳолат дучор омадам, ин замоне буд, ки падарам ногаҳон бандагӣ карданд. Он вақт авҷи ҷавониям буд, ки бояд падарам дар бари ман мебуд. Бароям таҳаммули марги падар хеле душвор буд, аз ҳамин лиҳоз, стреси сахт гирифтам. 24- сола будам ва қариб саломатиамро аз даст медодам, шукри Худо он лаҳзаҳоро босаброна паси сар кардам. Фикр мекунам ҳар кас ба таври худ ин лаҳзаи душвор ва ҳассосро паси сар мекунад.
-Ҳамон замон дар саҳифаи инстаграми худ аз дӯстонатон норозигӣ кардед, ки шуморо онгунае, ки интизор будед, дастгирӣ накарданд. Чӣ гуна буд ин ҳолат?
—Ҳамон замон, ки хеле эҳсосотӣ будам, ба ҳама чизу ҳама кас диққат медодам ва бар зами ин, одамонро ба худ зуд наздик қабул мекунам, ки ин албатта хатогии ман аст. Вақте ки профили инстаграми худро сиёҳ мондам, бисёре аз дӯстонам, ки бояд дар канори ман мебуданд ва ҳамчун дӯст маҳз ҳамон замон бояд дасти маро мегирифтанд, вагарна дар рӯзҳои хурсандӣ ҳама дар бари мананд, баръакс аз саҳифаи ман имзоашонро гирифтанд. Вақте ки аз баъзеашон сабаб пурсидам, гуфта буданд, ки саҳифаи ман дигар барояшон ҷолиб нест, зеро ман дигар онқадар сторис намекунам ва фаъол нестам. Маҳз ҳамин ҷо фаҳмидам, ки на ҳар касро бояд дӯст гӯиву ба худ наздик қабул кунӣ. Аммо куҷое бошанд, саломат бошанд!
-Дилноза, чаро намехоҳед шавҳари ояндаатон машҳур бошад?
-Гарчанде инсон мегӯяд, ки барои худам зиндагӣ мекунам, на барои гапи дигарон, аммо ба зиндагии ҳунарманд таваҷҷуҳи дигарон зиёд аст ва муносибатҳои оилавиро пинҳон нигоҳ доштан номумкин аст. Аз ҳамин сабаб, ба хулосае омадам, ки шавҳари ман бояд машҳур набошад. Мардум метавонанд як оилаи хушбат, як марди қавӣ ё як зани меҳрубон ва қавиро бо як сухани ночиз, ки шояд асос надошта бошад, аз ҳам ҷудо созанд.
-Яъне, шумо мехоҳед, ки шавҳаратон машҳур набошаду худатон машҳур бошед?
—Ман дар як барномаи дигар ҳам гуфта будам, ки баъд аз шавҳар кардан санъатро тарк мекунам.
-Метавонед бе санъат?
—Албатта хеле душвор аст, аммо ҳамин эҳсос баъд аз рафтани падар дар ман пайдо шуд. Новобаста аз он ки дар зинда буданашон чанд чизҳое кардам барояшон, ки дар назди виҷдонам роҳат ҳастам, аммо ҳамон заҳматҳое, ки падарам барои ман кашида буданд, бояд баргардонам.
-Агар шавҳаратон гӯяд, ки санъатро тарк накун, фаъолиятатро идома деҳ?
—Албатта агар хоҳад, ман беҳад хурсанд мешавам, аммо медонам, ки намехоҳад. Чун ҳар касе хостгорӣ меояд, мегӯянд, ки Дилноза баъд аз шавҳар кардан дигар фаъолият намекунад.
-Аз миёни ҳамон ҷавонҳо шояд ҳаст ҷавони хушбахте, ки дили шуморо ба даст овардааст?
—Бале, ҳаст.
-Вақте ки унвони Ҳунарпеша-блогери солро ба даст овардед, хеле эҳсоси баланд доштед ва аз фазои инстаграм ҳам чанд нуқтаро қайд кардед. Мехоҳед каме муфассал иди ин мавзуъ суҳбат кунем?
—Воқеан ин ҷоиза барои ман ҷоизаи калон буд. Гарчанде дигарон мегӯянд онқадар ҷоизаи арзишманд ҳам нест, лекин барои шахсе, ки бо меҳнати ҳалол ва бо азобу машаққат ба ин чиз ноил мегардад, ин ҷоиза дар назараш калон менамояд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ маҳз ҳамон шабу рӯз чунин буд, ки духтарон дар профили инстаграми худ “Актриса” менавиштанд. Ҳатто чунин ҳолат буд, ки вақте маро барои дар ягон ролик нақш бозидан даъват намуда, ҳаққи хизмат мепурсиданд, мегуфтанд, ки ту бисёр қимат мегӯӣ, фалон актриса арзон мегӯяд. Ман гуфтам, ки ҳунарманди касбӣ ва аз ҳунари худ боваридошта ҳунарашро қадр мекунаду арзиши баланд дорад. Вақте ман профили инстаграми духтари гуфтаашонро медидам, маълум мешуд, ки ҳунарманд нест, дар дигар донишгоҳ хондааст ё хондагӣ нест, танҳо мехоҳад машҳур шавад ва бо блогерон ҳамкорӣ мекунад. Мардум бояд фаҳманд, ки актриса будан дар роликҳои блогерон нақш бозидану дар инстаграм рилс партофтан нест. Барои ҳунарманд будан чор сол бояд хонӣ, меҳнат кунӣ, албатта ҳастанд шахсоне, ки истеъдоди худодод доранд. Лекин ҳунарманди асил бояд ҳамеша болои фаҳмишу тавоноиҳои худ кор кунад, китоб хонад.
-Дар байни дӯстонатон буданд нафароне, ки аз гапҳои шумо хафа шуданд?
—Не, дӯстонам хафа нашуданд. Ёдам ҳаст, ки дар ҷоизагирӣ се нафар будем, ман, Амина Ҳафизова ва Гулноза Хоҷаева. Ҳоло ҷоизасупорӣ шуруъ нашуда, ман аз Гулноза пурсидам, ки куҷоро хатм кардаед, Гулноза ҳам бисёр духтараки чақчақӣ ва самимӣ ҳамон вақт ба назар мерасид, гуфт, ки ман асосан дар телевизион кор мекунам. Боз пурсидам, ки барои чӣ дар профили инстаграматон актриса навиштаед, ӯ гуфт, ки аз рӯйи қаҳрамони асосии филми “Хусури ман” буданам иштирок дорам. Ман гуфтам, ки шумо духтараки хушрӯй, ба қавле табиӣ, лекин хуб мешуд аввал касби худатонро менавиштед. Ҳамон вақт ӯ маро дуруст дарк ва қабул кард. Боз Амина Ҳафизова ҳам гуфта буд, ки ҳастанд духтароне, ки худро ҳунарманд меҳисобанд, аммо аслан дар ягонҷо нахондаанд ва рафтору гуфторашон ҳам ба актриса рост намеояд. Баъдан мо тасмим гирифтем, ки касе ҷоиза гирад, ҳамин гапҳоро мегӯяд, то ҳунари асил қадр карда шавад.
-Чаро бисёриҳо “Дилнозаи ошиқ” мегӯянд?
—Ман сахт ошиқ шуда будам. Фикр мекунам, ки инсон дар ҳаёташ як бор ошиқ мешавад ва ҳар кас ба таври худ ин равандро аз сар мегузаронад. Шикасти ишқ духтарро метавонад ба роҳи каҷ барад ва ё муваффақ кунад. Ман хурсанд ҳастам, ки ошиқ будам ва замоне месӯхтаму дарк мекардам, ки аз даст додани нағздида чӣ гуна аст. Ишқ, сӯхтанҳо, хиёнат, бевафоӣ, мағрур будан инсонро месозад.
-Мағрур шумо будед ё нағздидаатон?
—Ишқ мағруриро дӯст медорад. Ман мағрур будам, вале ӯ бевафо буд.
-Чӣ гуна аз сар гузаронидед, муваффақ шудед?
—Бале, муваффақ шудам. Гарҷанде, мо ба ҳам нарасидем, вале муҳаббати ӯ маро иқтидори ҳастӣ дод. Ҳоло ошиқи ман аз пайи зиндагии худаш ҳаст. Ҳар куҷое бошад, хушбахт бошад, чун хушбахтии вай хушбахтии ман аст. Имрӯз ман ошиқи Ватан, Модар ва ошиқи ҳар чизи зебоям, аммо ман як бор ошиқ шудам ва инсон баъдан ба ҳамон монандро мекобад. Аз сабабе, ки ошиқи сахт ҳастам, сурудҳои тоҷикӣ ва эрониро бисёр гӯш мекунам ва лаҳзаҳои пурэҳсоси онҳоро дар сториси инстаграм мемонам, аз ин лиҳоз, мардум маро Дилнозаи ошиқ мегӯянд.
-Ба шеърнависӣ кай майл пайдо кардед?
-Ман қисса ҳам менавиштам, аммо ба шеърнависӣ дертар шуруъ кардам, вале ҳоло дар ягонҷо нашр накардаам. Бо хости Худо дар соли 2025 мехоҳам нахустин китоби қиссаҳо ва шеъри худро ба чоп барорам.
-Дар бисёре аз барномаҳо баъд аз саволи ровӣ шумо мегӯед, ки “як лаҳза истед, андеша кунам”, ин шиори шумо аст?
—Бале, чун имрӯз ҳар касе, ки бе андеша гап мезанад мисле мешавад, ки “пистаи бе мағз чун лаб во кунад, расво шавад”.
-Шумо барои кор дар театр ва фаъолона пеш бурдани инстаграм аз куҷо илҳом ва қувва мегиред?
—Вақте ки дар театр кор мекардам, намехостам дар инстаграм фаъол бошам, чун мехостам маро аз филмҳо ва намоишҳои театрӣ чун ҳунарманд шиносанд ва қабул кунанд. Аммо дидам, ки ҷавонҳои имрӯза на театр меоянду на филмҳои тоҷикӣ тамошо мекунанд ва ҳатто дар филмҳо туро ҳамчун ҳунарманд дар нақши асосӣ намегиранду ким кадом моделро мегиранд. Вақте сабаб мепурсӣ, коргардон мегӯяд, ки ӯ машҳур аст ва филми маро аз рӯйи ӯ бештар тамошо мекунанд. Аз инҷо фаҳмидам, ки барои ҳунарманди машҳур ва серталаб шудан бояд аввал худро ва номи худро созӣ, то ин ном ба тут нон оварад. Ва воқеан чунин аст, устоди ман ҳам ҳамеша мегӯяд, ки ҳунарманде, ки дар дили мардум нест ва ӯро намешиносанд, ҳунарманд нест.
-Аз гуфтаҳоятон бармеояд, ки ҳоло дар театр кор намекунед. Чӣ сабаб шуд, ки чунин тасмим гирифтед?
—Ростӣ, барои чанд муддат ҳам аз шабакаҳои иҷтимоӣ ва ҳам аз театр дур шудам.
-Умедвор ҳастем, ки шумо ҳарчӣ зудтар аз ҳолати хастагӣ мебароед ва фаъолияти худро дар театр ва ҳам дар шабакаҳои иҷтимоӣ идома медиҳед. Ба шумо руҳияи баланди касбӣ ва эҷодӣ орзу дорем. Бигузор истеъдоди шумо зина ба зина такмил ёбад ва барои ҷавонон ҳамеша намунаи ибрат бошед.
—Ташаккури зиёд.
Дило ДОРОБШОЕВА
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ