Дилором Ҷалолова омӯзгори сол шуд

Омӯзгори фанни биологияи Муассисаи таълимии махсусгардонидашуда барои хонандагони болаёқати ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд Дилором Ҷалолова ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори соли Тоҷикистон-2024» гардид.

Номбурда 28 сентябр бо мукофоти пулӣ ба маблағи 30 ҳазор сомонӣ ва туҳфаи хотиравии Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд.

Гуфта мешавад, ки дар озмун иштирокчён аз рӯйи шартҳои муаррифии таҷрибаи корӣ, дарси конкурсӣ аз рӯйи ихтисос, таҳлили дарс, маҷлиси падару модарон, соати тарбиявӣ, ҷавоб додан ба 10 савол ва кор бо компютер ва тахтаи электронӣ ҳунару маҳорат ва донишу малакаи худро нишон дода, барои ғолибият сабқат мекунанд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *