Дилором – Тоҷикистон

Аз рустои баргҳо

Ман аз рустои баргҳо,

Аз он ҷо, ки сапедор,

Дарахти кўчаҳои ғамгин аст.

Бо диле шикаста,

Фарёд мезанам.

Ман аз рустои модарони ғамгин,

Ва кўдакони сабур,

Ман аз боғҳои мармуз.

Бо аноре ҳамхун,

Себро ҳам таркиб

Фарёд мезанам.

Ман аз тирамоҳҳои огоҳ,

Ва баргҳое, ки медонанд.

Сарнавишт бар рўзгори мо чӣ навишт,

Ман аз соязорони дарахтони бед,

Ва сапедорони диёр кўдакӣ,

Дарахтоне, ки дар рагҳояшон,

Тарси кўдакии маро хуфтаанд,

Фарёд мезанам.

Ман аз фазои бодпаракҳои шод,

Бодпаракҳое, ки иваз шуд,

Ба тайёраҳои сафар,

Ва лолазоронаш ба ходаҳои худоӣ,

Ман аз рустои баргҳо,

Фарёд мезанам.

Дареғ!

Ҳамеша дастҳои фаромўшӣ боз аст,

Барои кўдаконе, ки

Ҳанўз наёмадаанд!.

دل‌آرام — تاجیکستان

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *