Диловар аввалин намоҳангашро нашр кард

Диловар Андалибов, ки миёни ҳаводорони рэп бо тахаллуси AD AKA Dilovar маъруф аст, ҳафтаи гузашта дар ютубканалаш аввалин намоҳангашро бо рэпи “Дили Диловар” нашр кард.

Намоҳанги мазкур дар Федератсияи Россия ба навор гирифта шуда, оғози муносибати ду дилдодаро инъикос мекунад.

Диловар “Дили Диловар”-ро бо рэпи машҳури “Давайе-дафшае” оғоз кардааст, ки чандон мантиқӣ ҳам набошад, барои ҳаводоронаш писанд омад. Яъне, хостааст ишора кунад, ки ҳамон рэпи сершунавандаро худаш хондааст.

Рэпи мазкур дар як шабонарӯз зиёда аз 200 ҳазор маротиба боздид шуда, ҳазорҳо нафар онро писандиданд.

Шакли аудиоии рэпи “Дили Диловар” моҳе қабл нашр шуда буд ва то ҳол дар саҳифаҳои гуногун онро миллионҳо нафар гӯш кардаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *