Д. Қодирзода: Масъулиятшиносӣ – асоси бунёдии таъмини кафолати иҷрои қонунҳо

Санаи 28-уми августи соли равон аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба як қатор қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намдани тағйиру иловаҳо ба қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ ба имзо расонида шуд.

Аз ҷумла, Қонунҳои Ҷумҳурии Точикистон  «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикитон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ», ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ», ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расиданд.

Мазмуну муҳтаво ва ҳадафҳои иҷтимою ҳуқуқии тағйироти ба қонунгузории амлкунанда воридкардашуда аз кам кардани хароҷот дар ҷашну маросимҳо, беҳтар намудани вазъи иҷтимоии аҳолӣ ва баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ дар иҷрои қонунҳо, содда кардани механизми ба амал татбиқсозии онҳо, инчунин баланд бардоштани масъулиятшиносӣ ва хештаншиносии мардум ҷиҳати мустаҳкам намудани амнияту суботи ҷамъиятӣ,  таҳкими қонуният ва интизоми таълиму тарбия дар муасссисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ. олии касбӣ ва таҳсилоти баъд аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, инчунин пурзӯр намудани чораҳои ҷавобгарии ҳуқуқӣ ба амсоли чораҳои ҷавобгарии интизомӣ, маъмурӣ ва ҷиноятӣ барои вайрон кардани онҳо  иборат мебошанд.

Чуноне аз таъиноти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бармеояд, қонуни мазкур бо тақозои рушди ҷомеа анъана ва ҷашну маросимро танзим намуда, ба ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ ва эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ барои баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии ҳаёти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст.

Тибқи тағйиру иловаҳо ба қонун моддаи 5(1) бо чунин мазмун илова карда шудааст, ки: «1. Дар вазорату идораҳо, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият ва шакли ташкилию ҳуқуқӣ, ки дар онҳо на камтар аз 30 нафар корманд фаъолият мекунад, комиссияҳои ҷамъиятӣ таъсис дода мешаванд. 2. Фаъолияти комиссияҳои ҷамъиятӣ тибқи Қонуни мазкур ва низомнома, ки аз ҷониби роҳбарони вазорату идораҳо, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо тасдиқ карда мешавад, ба роҳ монда мешавад. 3. Низомномаи намунавии комиссияҳои ҷамъиятиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад. 4. Комиссияҳои ҷамъиятӣ риояи талаботи Қонуни мазкурро аз ҷониби кормандони вазорату идораҳо, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳое, ки дар онҳо таъсис дода шудаанд, назорат намуда, ҷиҳати пешгирии қонунвайронкунӣ дар ин самт тадбирҳои зарурӣ меандешанд. 5. Дар сурати ошкор намудани риоя накардани талаботи Қонуни мазкур комиссияҳои ҷамъиятӣ дар муҳлати се рӯз ба мақоми ваколатдор ва ё комиссияҳои доимии маҳаллӣ дар ин бора хабар медиҳанд».

Ба андешаи мо, ҳадаф асосии ворид намудани чунин иловаҳо барқарорсозӣ ва устуворгардонии ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз ҷумла комиссияҳои доимии маҳаллӣ ба мақомоти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, ҷамоати шаҳраку деҳот бо аҳли ҷомеа ҷиҳати таъмини иҷрои қонун мебошад.

Мазмуни илова ба моддаи 7, қисми 4 ҷиҳати оростани дастархони идона дар рӯзҳои идҳои Рамазон ва Қурбон аз роҳ надодан ба исрофкорӣ ва зиёдаравӣ иборат мебошад, ки худи дини мубини Ислом низ исрофкориро маҳкум мекунад.

Агар перштар маъракаи хатнасур ба таври ихтиёрӣ дар як рӯз бо иштироки то 60 нафар танҳо дар доираи як чорабинӣ (додани зиёфат ё ош) бо харҷи кам доир карда мешуд, акнун тибқи таҳрири нави моддаи 9-и Қонун хатнасур ба таври ихтиёрӣ танҳо дар доираи оила ва бе хизматрасонии санъаткорон гузаронида мешавад. Инчунин, агар пештар хатна бо розигии падару модар дар муассисаҳои тиббӣ ва ё аз ҷониби устоҳои касбӣ, бо тартиби муқаррарнамудаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷиқистон анҷом дода мешуд, акнун гузаронидани хатна бо розигии падару модар аз рӯзи таваллуди писар то рӯзи бистуми баъди таваллуд дар муассисаҳои тиббии дахлдор бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ ба таври ройгон гузаронида мешавад. Ҳамзамон баргузор намудани маъракаҳои номгузорӣ, гаҳворабандон, чиллагурезон, мӯйсаргирони тифл ва дигар маъракаҳои ба таваллуди кӯдак вобаста дар доираи оила, бе забҳи чорво ва хизматрасонии санъаткорон муқаррар гардид.

Бо иловаи қисми 5 ба моддаи 9 Қонун ба доираи салоҳияти мақоми ваколатдор, яъне Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби гузаронидани хатнасури хайриявӣ вогузор шудааст. Ба мазмуни моддаи 10 Қонун, ки ташкили маъракаҳои фотиҳаи тӯй, маслиҳатошӣ, идонабарӣ, сандуқбарон, сарупобинон, чойгаштак, раисталбон, қудоталбон, тақдими сарупо барои меҳмонони тарафайн ва хешу табори домоду арӯс, ба истиснои тақдими тӯҳфаҳо барои домоду арӯс ва падару модари онҳоро манъ намуда буд, инчунин доир намудани ноншиканон, хонакашон, модарталбон, падарталбон, рӯйбинон, чодарканон, муборакбодӣ, шаҳтозон (роҳбандон) низ манъ карда шуд. Ҳамзамон ба ин модда қисми 4 илова гардид, ки тибқи он падару модари домоду арӯс ва ё шахсони онҳоро ивазкунанда бо маслиҳати тарафайн метавонанд ба ҷойи додани оши тӯй маблағи онро ҷиҳати беҳтар гардондани шароити зиндагии навхонадорон сарф намоянд.

Таиноти иҷтимоии чунин меъёр пеш аз ҳама барои дастгирии моддии оилаҳои навбунёд ва мустаҳкам намудани шароити моддии онҳо баҳри зиндагии мувофиқ равона карда шуда, аз нодориву қарздорӣ (чуноне аз расонаҳои хабарӣ маълум аст, баъзеҳо оиладоршавиро бо пули қарз анҷом дода, сипас барои баргардондани он ба мардикорӣ ба Русия ва дигар маконҳо сафар карда, оиларо бесарбон мегузоранд, ки оқибатҳои хуб надорад) ва касодӣ онҳоро раҳоӣ мебахшад.

Пештар дар қисми 2-и моддаи 11 Қонун, ки гузаронидани маросими «се» бе додани таом ва маросими «чил»-ро ба таври ихтиёрӣ бо иштироки то 80 нафар бо додани як таъом муқаррар шуда буд, акнун дар таҳрири ин модда бо Қонун гузаронидани маросими «се», «чил» ва «сол»-ро бе забҳи чорво ва додани таом муқаррар шудааст. Додани таъом ва забҳи чорворо дар ин маросимҳо қонун манъ намудааст.

Аз Қонун қисми 3 моддаи 11, ки барои шахсони азодор имконияти гузаронидани маросими солро ба таври ихтиёрӣ бо иштироки то 100 нафар бо додани як таом дар моҳи шарифи Рамазон, рӯзи иди Қурбон ва вақти дигаре, ки ба баргузории соли фавтида мувофиқат мекунад, муқаррар карда буд, акнун ин меъёр хориҷ карда шуда, гузаронидани чунин маросимро истисно намуд. Ҳамзамон бо қисми 4-и ҳамин модда, ки дар маросимҳои дафну азодорӣ ташкили «оши сари тахта», «душанбегӣ», «ҷумъагӣ», «ҳафт», «бист», «шашмоҳагӣ», ҳамчунин додани пули нақд ва дигар ашё, ба истиснои ҳаққи хизмати қабркан ва мурдашӯй, манъ намуда буд, инчунин забҳи чорво ва додани таомро дар ин маросим манъ кардааст. Ҳамзамон бо ҳамин иловаи кисми 4 ба моддаи 11 қонун муайян намудани тартиби гузаронидани маросими дафну азодорӣ низ ба зимаи мақоми ваколатдор вогузор карда шудааст.

Бо тағйирот вақти гузаронидани маросимҳо низ тағйир дода шудааст. Агар пештар тибқи қисми 3-и моддаи 12 Қонун гузаронидани тӯю маросимҳо дар рӯзҳои истироҳат аз соати 8 то 23 ва дар рӯзҳои корӣ аз соати 18 то 23 ва давомнокии онҳо то се соат муқаррар шуда бошад, ҳоло тибқи тағйирот тӯю маъракаҳо дар шаҳрҳо дар рӯзҳои истироҳат аз соати 8 то соати 22 ва дар рӯзҳои корӣ аз соати 18 то соати 22, дар шаҳраку деҳот (аз ҷумла шаҳраку деҳоти тобеи шаҳр) дар рӯзҳои истироҳат аз 1 апрел то 31 октябр аз соати 6 то соати 22, аз 1 ноябр то 31 март аз соати 8 то соати 22 ва дар рӯзҳои корӣ аз соати 18 то соати 22 гузаронида мешаванд. Давомнокии онҳо то се соат муқаррар карда шудааст.

Дар Қонун боби нав — Боби 4(1) бо номи «ӯҳдадории шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳангоми гузаронидани тӯю маъракаҳо» ворид карда шуда, дар он моддаи 14(1) илова шудааст, ки тибқи он шахсони шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ӯҳдадор карда шудаанд, ки ҷашну маросимро бо риояи талаботи Қонуни мазкур баргузор карда, мақоми ваколатдор ва комиссияҳои доимии маҳаллиро доир ба баргузории тӯйи домодию арӯсӣ ва маросими азодорӣ хабардор намоянд. Ҳамзамон онҳо ӯҳдадор карда шудаанд, ки рукнҳои фарҳанги миллӣ, аз ҷумла забони давлатӣ ва либосҳои миллиро ҳифз намоянд.

Боиси зикр аст, масъулияти ҳам шаҳрвандон ва ҳам шахсони мансабдори давлатии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати вайрон намудани талаботи Қонуни мазкур баланд бардошта шудааст. Инак, бо меъёри нав ба қисми 2-и моддаи 15 Қонун воридкардашуда муқаррар менамояд, ки аъзои Ҳукумат, Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, дигар шахсони мансабдори давлатӣ, хизматчиёни давлатӣ, судяҳо, кормандони мақомоти прокуратура, амният, корҳои дохилӣ, назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, андоз, гумрук, кормандони мақомоти дигари ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур аз ҷониби онҳо ва фарзандонашон мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мансаб озод карда мешаванд. Қонун бо ин меъёр барои мансабдорони давлатии ҳокимияти давлатӣ ва мансабдорони хизмати давлатӣ асоси иловагии аз вазифа озоднамоии онҳоро муқаррар намудааст, ки боиси ҷавобгарии интизомии онҳо – аз вазифа сабукдуш шуданашон мегардад.

Дар радифи нуқтаҳои дар боло зикршуда ҷиҳати мустаҳкам намудани тартиботи ҳуқуқӣ, бехатарии ҳаракат дар роҳ ва амнияти ҷамъиятӣ тағйироту иловаҳо ба қонунгузории соҳаи маориф низ ворид карда шудаанд.

Инак, тибқи иловаҳо ба қисми 10 моддаи 16 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» аз 22 июли соли 2013 бо қарори мақоми идоракунии муассисаи таълимӣ барои ба муассисаи таълимии таҳсилоти умумӣ бо идора намудани воситаҳои нақлиёти механикӣ омадан хонанда хориҷ карда мешавад. Ба ҳамин монанд меъёрҳо ба моддаи 16 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ»  аз 22 апрели соли 2003,  ба қисми 5 моддаи 19 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ» аз 8 августи соли 201, ба моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ» аз 19 майи соли 2009 муқаррар карда шудааст.

Бояд зикр намуд, ки барои вайронкунии талаботи зикршуда таълимгирндагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбиро бе ҳуқуқи барқарор шудан ба муҳлати як сол, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимиро бе ҳуқуқи барқарор шудан ба муҳлати се сол аз муассисаи таълимӣ хориҷ кардан мумкин аст.

Ҷавобгарии маъмурӣ низ барои содир намудани кирдорҳои маъмурӣ дар соҳаи истифодаи наклиёт пурзӯр карда шудааст. Инак, агар ҷазои маъмурӣ бо моддаи 42 барои содир намудани кирдорҳои маъмурӣ аз ҳуқуқи махсус (ҳуқуқи идора кардани воситаҳои нақлиёт, шикор, нигоҳ доштан, бо худ гирифта гаштани силоҳи оташфишон, истифодаи воситаҳои радиоэлектронӣ ва ё дастгоҳҳои баландбасомад, истифодаи қитъаи замин ва ғайра) пештар то ду сол ҷазо дода мешуд, акнун ин чораи ҷазо ба мӯҳлати то 10 сол татбиқ карда мешавад.

Агар барои идора намудани воситаҳои нақлиёт дар ҳолати мастӣ ҷазои маъмурӣ, ки пештар бо моддаи 332 бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиёт ба муҳлати ду сол ҷазо дода мешуд, тибқи тағйирот барои чунин кирдор ҷазо ба андозаи сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима ё ҳабси маъмурӣ ба муҳлати понздаҳ шабонарӯз бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиёт ба муҳлати панҷ сол татбиқ карда мешавад. Ё мисоли дигар. Агар барои идора кардани воситаи нақлиёт аз тарафи шахсе, ки ҳуқуқи ронандагӣ надорад ва дар ҳолати мастӣ қарор дорад, бо моддаи 337 чораи ҷазо ба андозаи аз панҷоҳ то ҳафтод нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешуд, акнун барои ҳамин кирдор чораи ҷазо ба андозаи чорсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиёт ба муҳлати даҳ сол таъйин карда мешавад.

Ҷиҳати таъмини амнияти ҷамъиятӣ ва риоя намудани Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси чиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Кодекси мазкур низ иловаҳо ворид карда шуданд, ки тибқи онҳо ҷазо пурзӯр карда шудааст. Масалан, агар пештар тибқи қисми 2-и моддаи 50 Кодекс маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян барои қасдан содир намудани ҷиноят аз 1 то 10 сол ва барои ҷинояти аз беэҳтиётӣ содиршуда аз 1 то 5 сол ба сифати ҷазои асосӣ муқаррар шуда бошад, ҳоло тибқи тағйирот аз 1 то 20 сол муқаррар карда шудааст.

Ба ҳамин тариқ, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ба қонунгузории соҳаи маориф ва кодексҳои зикршуда баҳри баланд бардоштани масъулиятшиносии ҳар як узви ҷомеа, аз ҷумла шахсони мансабдори давлатӣ, роҳбарони муасисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ, олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ ҷиҳати бемайлон ва якхела иҷро намудани қонунҳо, мустаҳкам намудани интизом ва таъмини кафолати иҷрои амалигардонии талаботи қонуни мазкур нигаронида шуда, тағйиру иловаҳои зикршуда ба хотири таъмини амнияту суботи ҷомеъ, ҳифзи манфиатҳои иҷтимоию иқтисодии кишрҳои гуногуни ҷомеа, сарфаву сариштакорӣ, мустаҳкам намудани интизоми иҷрокунандагӣ, аз ҷумла интизоми таълиму тарбия, баланд бардоштани масъулияти субъектони раванди таълиму тарбия ва дигар шаҳрвандони ҷумҳурӣ роҳандозӣ карда шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *