Диловар Қодирзода: Паём барномаи фаъолияти мост

Дар ҷаҳони имрӯзаи пуртазод, ки ҳодисаҳои гуногуни сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву ахлоқӣ ба он таъсири амиқи худро мерасонанд, вазифаи асосии муассисаҳои таълимии мамлакат ин тайёр намудани мутахассисонест, ки ҷавобгӯи талаботҳои бозори меҳнат ва муборизи роҳи ҳифзи марзу буми Ватани азизамон аз зуҳуроти номатлуб, махсусан, терроризм ва экстремизм мебошанд.

Тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олии мамлакат қайд намуданд: “Мубориза бо терроризм ва экстремизм фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешорӯи ин хатари умумӣ тақозо менамояд”. Бинобар ин, моро зарур аст, ки ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ҳифзи анъанаҳои миллӣ, мубориза бар зидди зуҳуроти бегонапарастӣ, шомил нашудан ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ тарбия намуда, малакаю дониши онҳоро барои рушду нумӯи кишвари маҳбубамон равона созем.

Вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳо ва таъкидҳои Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём мо, устодони Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон, тавонистем, ки дар байни донишҷӯён риояи қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатӣ, тарзи либоспӯшӣ дар доираи фарҳанги миллӣ, дар рӯҳияи худшиносии миллӣ ва ифтихори ватандорӣ тарбия намудани донишҷӯён, пешгирӣ намудани зуҳуроти бегонапарастӣ ва гаравиш ба созмонҳои ифротгаро, ба китобхонаҳо ҷалб намудани тамоми донишҷӯён ва чорабиниҳои дигари муҳимро, ки ба таълиму тарбияи донишҷӯён мусоидат менамоянд, дар сатҳи зарурӣ роҳандозӣ намоем.

Аз Паёми гузаштаи Сардори давлат то Паёми навбатӣ дар кишварамон маъракаҳои муҳими зиёде баргузор шудаанд ва рӯйдоду санаҳои бузургу таърихӣ таҷлил гардиданд. Таҷлили ҷашни 25–умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баргузор шудани раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар доираи таҷлили дуюмин солгарди «Рӯзи соҳибкорон» баргузор шудани Форуми байналмилалии соҳибкории Душанбе – 2016 таҳти унвони «Рушди истеҳсолоти миллӣ – имконияти нави сармоягузорӣ ба Тоҷикистон», таъсиси Шӯрои миллии кор бо ҷавонон ва барпо шудани ҷаласаи нахустини он аз ҷумлаи маъракаю чорабиниҳои муҳиму таърихии имсолаи кишваранд.

Бинобар ин, коллективи Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста кӯшиш менамояд, ки фаъолияти таълимӣ ва илмии худро дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат, ки аз Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, ба роҳ монда, дар пешрафти Ватани азизамон саҳм гузоранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *