Дилрабо Мансурӣ ба ТУТ изҳори сипос кард
Имрӯз, 11 октябр муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ бо Роҳбари дафтари Ташкилоти умумиҷаҳонии Тандурустӣ (ТУТ) дар Тоҷикистон Виктор Олшавский мулоқот намуд. Дар ин бора котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов хабар дод.
Дилрабо Мансурӣ ба ТУТ барои дастгирии амалӣ ва таъмини Тоҷикистон бо таҷҳизоти муҳофизатӣ ва тиббӣ дар давраи пандемия изҳори сипос намуд.
«Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешгирии паҳншавии вирус тадбирҳои зарурӣ меандешад ва бо созмонҳои минтақавию байналмилалӣ, аз ҷумла ТУТ ҳамкории зич дорад»,- гуфт Дилрабо Мансурӣ.
Муовини Раиси Маҷлиси намояндагон ҳамчунин иброз намуд, ки Тоҷикистон аз соли 1992 узви ТУТ аст ва тайи ин муддат дар доираи ин созмон хеле фаъол буд.
Қонунгузории Тоҷикистон ба санадҳои ҳуқуқӣ ва меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ буда, ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои махсуси қонунгузорӣ оид ба ҳифзи саломатӣ, модар, кӯдак ва дастгирии иҷтимоии оила ҷавобгӯ мебошад.
Тазаккур дода шуд, ки ҳанӯз соли 2016 вакилони парлумон Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия ва қабул карда буданд, ки дар он 16 қонуни қаблан қабулшуда танзими соҳаи тандурустӣ ва самтҳои ҳифзи ҳуқуқҳои конститутсиониро дар бар мегирад. Дар ҷараёни вохӯрӣ ҳамчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ гардиданд.
Дар мулоқот раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Сумангул Тағойзода ва вакили Маҷлиси намояндагон Парвиз Шодизода сухан гуфтанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ