Дилрабо Мансурӣ – муовини нави сарвазири Тоҷикистон

Имрӯз бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ ба вазифаи муовини сарвазири Тоҷикистон таъйин шуд. Ӯ дар ин вазифа Матлубахон Сатториёнро иваз кард.

Дилрабо Мансурӣ аз соли 2020 ба ин ҷониб Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Зиндагиномаи Дилрабо Мансурӣ
Дилрабо Сайдулло Мансурӣ 29 январи соли 1974 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Баъд аз хатми Филиали Хуҷандии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ аз моҳи майи соли 1997 ҳамчун лаборанти калони кафедраи иқтисодиёт ва идора фаъолияти кориашро оғоз бахшидааст. Соли 1997 ӯ фаъолияти худро ҳамчун олим ва педагог аз ассистенти кафедраи технологияи матоъ, кешбофӣ ва маҳсулоти дӯзандагии Филиали Хуҷандии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ шурӯъ карда, баъдан чун сармуаллим ва аз соли 2001 то 2008 ба сифати мудири кафедраи номбурда фаъолият бурдааст. Соли 2004 рисолаи номзадӣ ва соли 2009 рисолаи докторӣ дифоъ кардааст. Доктори илмҳои техникӣ, профессор аст. Аз соли 2014 ӯ директори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ дар Хуҷанд буд.
Аз 1 марти соли 2015 ҳамчун вакил ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ аз ҳисоби аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон интихоб шудааст.
Аз 17 марти соли 2020 дар ҷаласаи якуми иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.
Муаллифи 2 монография, 12 ихтироот, 98 мақола, 20 маърӯзаи мухтасар ва 9 дастури методӣ аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *