Дилшодҷон трактори универсалӣ сохт, ки 14 амалиёти кишоварзиро анҷом медиҳад

Дилшодҷон Ойматов, хонандаи синфи 8 -уми литсейи шаҳри Панҷакент Дилшодҷон Ойматов як трактори универсалӣ сохтааст, ки қодир аст 14 амалиёти гуногуни кишоварзиро анҷом диҳад ва то 500 кг бор интиқол диҳад, — мегӯяд рӯзноманигор Шервони Умриддин дар саҳифаи худ дар Фейсбук.

Тракторе, ки як ихтироъкори 14-сола аз деҳаи Кабудсанги (собиқ Куктош) ҷамоати деҳоти Халифа Ҳасан сохтааст, чанде пеш дар озмуни вилоятии «Илм чароғи дониш аст» дар «Ихтироот ва навоварӣ» ҷои дувумро касб кард.

Аз соли 2018 инҷониб Дилшодҷон дар маҳфили моделсозии мошинҳои маркази таълими давомдори No1 -и шаҳри Панҷакент кор мекунад. Ихтироъкори ҷавони Панҷакент барои сохтани трактори универсалии худ, ки дар як соат 1,5 литр бензин истеъмол мекунад, 35 ҳазор сомонӣ (каме бештар аз 3 ҳазор доллар) сарф кардааст.

Санаҳои 22, 23 ва 24 — уми сентябри соли равон дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд бо иштироки беш аз 300 нафар хонандагони дабистонҳо аз 18 шаҳру ноҳияи вилояти Суғд даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии “Илм — фурӯғи маърифат” баргузор гардид.

Дар ин ҷорабинӣ хонандаи синфи 8 — уми Муассисаи давлатии литсейи шаҳри Панҷакент Ойматов Дилшодҷон Одилович трактори хурди ихтироъкардаашро ба намоиш гузошт.
Маҳсули дасти ӯ ба баҳои баланди ҳайати комиссия ва ҳакамони озмун дар номинатсияи “Ихтироъкорӣ ва навоварӣ” ҷойи дуюмро сазовор гардид.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *