Дилшод Фарҳодзод — Самарқанд

Дар оғӯш

Марде,

Майдонталоши бо виқор,

Оқибат хоҳад расид аз роҳ.

Оне ки аз тир нигоҳам,

Дар сина захмҳо дорад.

Барои бардоштани нози таманноям,

Мӯйҳоямро дар шонаҳоям мураттаб хоҳад кард.

Мӯйҳои сахтамро дар таманнои дилаш хоҳад гудохт,

Ӯ мӯъҷизакорест дар фурсати муқаррари худо.

Шукаронаро шодоб,

Ва ашкҳои гаронбаҳои шодияшро аз об,

Дар садафи синаҳоям марворид хоҳад кард.

Ва ман бо муҳаббат,

Дар пойи ҳайкали бузургаш,

Дар дили кучакам,

Хоҳам рехт,

Тамоми қуллаҳои вуҷудамро.

***

Чаро?

Дар миёни синаи ту офтоб,

Мегирад оташ, чаро, эй осмон.

Мечакад на хуни ту, на ашки ту,

Менишинӣ  мисли ман хомӯш.

Ё чаро ман мисли раъд менағуррам,

Надурахшад барқ дар чашмам,

Назанам бар сари санг жолаҳоямро.

Менишонем маро хомӯш,

Осмон, эй осмон, эй осмон.

***

 Модар  

Маштоб, эй замона, то ки ман ситора шавам,

Кулӯх на, чӯб на, санги хора шавам.

Маштоб, эй замона, ман ки як пиёдаравам,

Ба сони як кавкаб.

Ба рӯйи курраи заминат як савора шавам,

Ба офтоби рӯй ту, ки гирд мегардам.

Замини танҳоро,

Зи рӯйи меҳрубонӣ ҳамсони ӯ гардам.

Зи рӯйи лутф моҳвора шавам,

Маштоб, ман ки як занам, модарам.

Барои дунёе,

Гаҳвора шавам.

***

 Умед  

Кунун нозҳои банда бехаридор аст,

Ки гашт аз фурӯш ва вақти гашти бозор аст.

На, ман ғалат намуда бурдамаш ба ҷое, ки он,

Фурӯшгоҳи хӯрданӣ ва латтабозор аст.

Касе на қалб мехарад, чу гӯрдааш набуд,

Далери доғ аз ҷигар бурд, ки хунхор аст.

Чӣ рӯзҳо, ки хешро ба мурда афкандам,

Ба пеши ҳар ки мегузашт, дидам, ки нодор аст.

Бале миёни ин фусурдагӣ ниёзи гарм,

Уруҷ мекунад миёни шаб, ки бедор аст.

Намудааст шавқи мо ба ин дарундорӣ,

Навозияш ба лутф, бингарӣ, ки ҳушёр аст.

Андӯҳи ашки хешро худам харидорам,

Ки дона донаҳои роздори пиндор аст.

Ҳазор шукри бозувони зоти болоро,

Ягона он азизи дил, ки нозбардор аст.

Ба пеши пояш афканам матои ҷонамро,

Агарчӣ муштарӣ нест, ҳам харидор аст.

دلشاد فرهادزاد — سمرقند

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *