Дилшод Назаров барои унвони чемпионӣ дар Британияи Кабир

Тоҷикистонро дар чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши сабук Дилшод Назаров, чемпиони Бозиҳои олимпии Рио-2016 ва Кристина Пронженко, чемпиони Тоҷикистон намояндагӣ мекунанд.

Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, иттилоъ медиҳад, ки  чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши сабук аз 4 то 13 августи соли равон дар шаҳри Лондони Британияи Кабир доир мешавад. Ба он 47 қувваозмоӣ – 24 қувваозмоӣ миёни мардон ва 23 қувваозмоӣ миёни бонувон ворид гардидааст.

Ба иттилои манбаъ, қувваозмоии гурзпартоӣ, ки Дилшод Назаров дар он ширкат мекунад, 9 август шурӯъ гашта, даври финалии он 11 август баргузор мегардад. Кристина Пронженко аз намуди дав ба масофаи 400 метр бо монеаҳо, ширкат мекунад. Рақобатҳои Кристина рӯзҳои 6, 7 август оғоз гашта, дар сурати ба даври дигар роҳхат гирифтан, қувваозмоиҳо то 11 август идома меёбад.

Қаблан Дилшод Назаров дар чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши сабук соли 2015 дар Пекини Чин сазовори медали нуқра шуда буд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *