Дилшод Назаров дар финали чемпионати ҷаҳон
Дилшод Назаров, гурзандози машҳури тоҷик, дар чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши сабук, ки дар шаҳри Лондон ҷараён дорад, дар гурзандозӣ бо натиҷаи 75.54 метр мақоми шашумро касб карда, ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт.
Марҳилаи интихобӣ оид ба гурзандозӣ шаби чоршанбеи 9-уми август бо ширкати 32 варзишгар дар ду гурӯҳ баргузор шуд. Дилшод Назаров гурзро ба дурии 75 метру 54 сантиметр ҳаво дод, ки ин нишондод дар гурӯҳи “А” натиҷаи панҷум буда, аз рӯи натиҷагирии ҳарду гурӯҳ дар байни 32 нафар шашум ба шумор меравад.
Рекорди инфиродии Дилшод Назаров 80 метру 71 сантиметр аст. Ӯ ба ин натиҷа 25-уми майи соли 2013 дар мусобиқаи байналмилалӣ дар шаҳри Ҳаллеи Олмон ноил шуда буд.
Дар марҳилаи интихобӣ Войтсех Новитски аз Лаҳистон бо натиҷаҳои 76.85 метр аввалин, Павел Фаҷдек бо 76.82 метр дуюмин, Бигот Қуентин (Фаронса) бо 76.11 метр сеюмин, Павел Бареиша бо 75.98 м чорумин, Бенсе Ҳалаж бо 75.56 м панҷумин шуданд.
Дар марҳилаи финалӣ 12 нафар беҳтарин гурзандозҳои ҷаҳон, ки шаби ҷумъаи 11-уми август баргузор мешавад, роҳ ёфтанд. Навбати Дилшод Назаров, чемпиони Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия, ки таҳти шумораи 1318 рақобат мекунад, ҳаштум аст.
Ёдовар мешавем, Дилшод Назаров дар мусобиқаи пешини чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши сабук, ки соли 2015 дар Пекини Чин баргузор шуда буд, гурзро ба масофаи 78 метру 55 сантиметр ҳаво дода, мақоми дувумро касб карда, соҳиби медали нуқра гардидааст. Рақиби аслиаш Павел Фаҷдеки лаҳистонӣ бо натиҷаи 80.88метр ба унвони қаҳрамони ҷаҳон даст ёфта буд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ