Дилшод Назаров аз Олмон медали нуқра овард

Аз  Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мо хушхабар расид, ки барандаи медали тиллои Олимпиадаи Рио-де –Жанейро-2016 Дилшод Назаров пас аз танаффуси чандмоҳа боз дар мусобиқаҳои бонуфузи байналмилалӣ оид ба гурзандозӣ сахт камар бастааст.

Дилшод баъди  сазовор гардидан ба унвони олии  Чемпиони олимпӣ чанд моҳ дар   мусобиқае ширкат наварзид, аммо вазифаи муовини раиси Кумитаи  ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва раиси Федератсияи варзиши сабуки кишварро идома дод. Акнун ки фурсат муносиб фаро расид, дар мусобиқаи ҷаҳонии гурзандозӣ дар шаҳри Ҳаллеи Ҷумҳурии Федеративии Германия ширкат варзида, гурзро ба масофаи 77 метру 11 сантиметр ҳаво дод. Ин нишондод ба Д. Назаров имкон дод, ки ҷойи дуюм ва медали нуқраро аз худ намояд.
Дар ин мусобиқа варзишгари Полша Павел Файдек бо натиҷаи 82 метру 31 сантиметр сазовори ҷои аввал ва медали тилло шуд. Ник Миллер аз Британия бо натиҷаи 76 метру 81 сантиметр ҷои сеюмро гирифт.

Ёдовар мешавем, ки Дилшод Назаров соли гузашта дар панҷ даври мусобиқоти ҷаҳонӣ ширкат карда, бо 236.37 имтиёз дар феҳристи зӯртарин гурзандозҳои ҷаҳон мақоми дуюмро соҳиб гардид. Соли гузашта ӯ дар Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия гурзро ба масофаи 78 метру 68 сантиметр ҳаво дода, бо медали тилло сарфароз гашт. Вай барандаи медали нуқраи мусобиқаи Чемпионати ҷаҳон дар соли 2015 дар шаҳри Пекини Чин мебошад.

-Мусобиқаи асосии имсола чемпионати ҷаҳон аст, ки аз 4 то 13 август дар Лондон баргузор мешавад. Ман Тоҷикистонро намояндагӣ мекунам. Кӯшиш менамоям, ки медал ба даст биёрам. Дар варзиш пешгӯӣ кардан мушкил аст, аммо умедворам, ки муваффақ мешавам,- дилпурона мегӯяд Дилшод Назаров.

Аз рӯи натиҷаҳои мусобиқоти имсола ҳоло Дилшод Назаров бо 77,11 метр дар даҳгонаи беҳтарин дар ҷои нуҳум қарор дорад. Ба рӯйхати се ҷои аввал Павел Файдек (Полша, 82,31 м), Войтсех Новитски (Полша, 78,54 м) ва Павел Барейша (Булғористон, 78,04 м) дохиланд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *