Дилшод соҳиби ҷоизаи (ANOC) мешавад
Дилшод Назаров, варзишгари маъруфи тоҷик бо ҷоизаи Ассотсиатсияи Кумитаҳои миллии олимпӣ (ANOC) мукофотонида мешавад.
Бо пешниҳоди Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон варзишгари машҳур Дилшод Назаров барои дастоварди бузургаш дар Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия бо Ҷоизаи Ассотсиатсияи Кумитаҳои миллии олимпӣ мукофотонида мешавад. Бар асоси номаи расмии Президенти Ассотсиатсияи Кумитаҳои миллии олимпӣ Шайх Аҳмад Ал-Фаҳад Ал-Сабоҳ ба унвони Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон маросими супурдани ҷоизаҳои ин созмони ҷаҳонӣ рӯзи 15-уми ноябр дар пойтахти Қатар — шаҳри Доҳа — барпо мегардад. Дилшод Назаров ба ин маросим даъват шудааст.
Ёдовар мешавем, Дилшод Назаров дар Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия гурзро ба масофаи 78 метру 68 сантиметр ҳаво дод ва бо медали тилло сарфароз гашт.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ