Дилшоди сангшикан бемор будааст

Мақомот дар ноҳияи Бохтар мегӯянд, фарде, ки даст ба тахриби 28 санги мазор дар оромгоҳи деҳаи Хурсандӣ задааст, як ҷавони 22-сола ва мубтало ба бемории рӯҳӣ мебошад.

Ҳукумати ноҳияи Бохтар гуфтааст, ки Дилшод Давлатбекови 22-сола дар ин мавзеъ алафдаравӣ намуда ва даст ба чунин амал задааст. Ба гуфтаи Раҷабалӣ Ҳурматов, раиси ҷамоати деҳоти Меҳнатобод, тибқи хулосаи тафтишот ин ҷавон дар рӯзи аввал як санг ва фардои он, сангҳои болои 27 қабрро тахриб кардааст.

Ҳодиса баъди он маълум шуд, ки сокинони деҳа рӯзи 21 апрел ба мақомот дар бораи шикаставу хароб шудани сангҳои мазори қабристон хабар доданд. ​Ба дунбол, милисаи ноҳияи Бохтар ва ҳам мақомоти дигари маҳаллӣ ба таҳқиқи ҳодисаи тахриб шудани санги мазорҳо оғоз карданд ва даҳҳо нафар, хусусан ҷавононро мавриди бозпурсӣ қарор доданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *