Дима Билан мурд?

Дима Биланро зинда ба зинда гӯр карданд

Дима Билан аз зумраи ҳунармандони машҳуре аст, ки на танҳо дар кишвари рус, балки берун аз марзҳои Русия низ мухлисони зиёд пайдо кардааст. Чанд рӯз қабл дар сомонаҳои интернетӣ хабари марги нобаҳангоми ин ҳунарманди ҷавон пайдо шуда, мухлисони бешуморашро ба изтироб овард. Ин ҳунарманди хушзавқ дар кишвари мо низ ҳаводорони зиёде дорад ва мухлисони Дима Билан ба идораи ҳафтанома пай дар пай занг зада, пурсон мешуданд, ки хабарҳои пурҳангомаи интернетӣ дар бораи фавти сарояндаи дӯстдоштаашон то куҷо ҳақиқат доранд. Инак, меравем думболи овозаҳо.

Ҷанозаи бардурӯғ

Хабари аз олам гузаштан ва дафни Дима Билан овозаи хушку холист, вале аксари мухлисони сароянда ба ин ҳангома дода шуда, бовар карданд, ки Дима дар ҳақиқат аз ҷаҳон реҳлат намудааст. Сабаби ба ин овоза бовар кардани ҳаводорони ин ситораи рус дар он аст, ки вақтҳои охир дар сомонаҳои интернетӣ хабари ба бемории табобатнашаванда гирифтор будани Дима Билан давр мезад. Касоне, ки ин овозаро паҳн намуданд, ба хотири исботи гуфтаҳои худ чанд акси сарояндаро ҷой дода буданд, ки дар онҳо Дима бисёр лоғар ва чеҳрааш заъфаронӣ менамуд. Бо нишон додани ин аксҳо ҳангомасозон мехостанд собит намоянд, ки аз умри Дима Билан рӯзҳои башумор боқӣ мондаанд. Худи ситора овозаҳоро дар бораи ба саратон гирифтор шуданаш рад намуда, гуфт, ки сабаби лоғар шуданаш на дар мушкилоти саломатӣ, балки дар серкориаш аст, Аммо мухлисон ба гапи худи сароянда нею ба ҳангомаи душманони Дима Билан, ки ӯро зинда ба зинда гӯр кардан мехостанд, бовар карданд.

Табибон чӣ мегӯянд?

Дар асл дар саломатии сароянда ягон ҷурме дида намешавад ва айни замон Дима Билан худро хуб ҳис мекунад. Ягона беморие, ки духтурон дар ӯ пайдо намудаанд, шамолкашии меъда-гастрит будааст ва он ҳам бо сабаби дар давраи ба сафарҳои ҳунарӣ баромаданаш ба хӯроки худ диққат надодани ситора пайдо шудааст.

Билан аз ин ҳама гапу гапчаҳо ҷонбезор шуда, дар яке аз саҳифаҳои сомонаҳои иҷтимоияш аксҳои ба тозагӣ гирифтаашро дарҷ намудааст. Ҳунарманд бо ин амалаш исбот кардан мехоҳад, ки саломатияш хуб аст.

Сари тарошида нишонаи саратон?

Вақте мухлисон аксҳои Димаро бо сари тарошида диданд, дарҳол инро ба бемории саратон нисбат дода, гуфтанд баъди гирифтани табобати кимиёвӣ ситора кал шудааст. Вақте рӯзноманигорон ба ин масъала мароқ зоҳир намуданд, ба ҷойи ҳунарманд продюссераш Яна Рудковская ҷавоб дода гуфт, Билан ба хотири як лоиҳаи нав мӯйи сарашро тарошидааст. Мақсади Дима тарсонидани мухлисон не, балки ба ваҷд овардани эшон будааст.

Билан: «Маро зинда ба зинда гӯр накунед!»

Дима Билан аз он ки ҳар рӯз ӯро «мегӯронанд» ё бемориеро ба пояш мебанданд, ҷонбезор шудааст. Сароянда бо дидани ибораҳое чун «Дима Билан гирифтори саратон аст», ба ғазаб омада мегӯяд:

-Ба фикрам дар ҷаҳон ҳар як нафари сеюм гирифтори бемории гастрит аст ва ин беморӣ касеро то ба имрӯз накуштааст!

Ситора аз ин ҳама сару садо ба ҷон расида, дигар худро ба даст гирифта натавониста, дар сомонаи худаш нафаронеро, ки чунин овозаҳои бардурӯғро паҳн мекунанд, ошкоро ҳақорат додааст. Мухлисон чунин дағалгуфториро аз сарояндаи дӯстдоштаашон интизор набуданд, вале сарояндаро фаҳмидан мумкин аст, охир тӯли ҳафта қариб дар тамоми сомонаҳо хабари марги Дима Билан паҳн гашт ва баъзеҳо ситораро зинда ба зинда гӯр карда, ҳатто ҷою макони дафни ӯро низ дар навиштаҳояшон зикр намуданд.

Ба овозаҳо бовар накунед!

Дима Билан барои ором сохтани мухлисонаш ҳар рӯз аксҳои ба тозагӣ гирифтаашро дар сомонаи худ ҷой дода, бо ин амалаш аз зинда буданаш дарак медиҳад. Аз ин рӯ, ба мухлисони тоҷикистонии ин сарояндаи машҳури рус гуфтанием, ки ба ҳар хел овозаю ҳангомаҳои бардурӯғ бовар накунанд. Дима Билан комилан солим ва аз пайи эҷоди суруду таронаҳои тоза ба тоза аст.

Нодира

 

 

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *