Дина Саеваро аз шаҳрвандии Русия маҳрум мекунанд?
Блогери 21-солаи зодаи Тоҷикистон Дина Саева (Мадина Басаева), ки ӯро “маликаи ТикТок” ва яке аз бойтарин блогерҳои Русия меноманд, хабар дод, ки бо масъалаи шаҳрвандии русиаш мушкил пайдо кардааст.
Дина Саева рӯзи 30 июн дар бахши сториз дар саҳифааш дар Instagram гуфт, мурофиаи додгоҳии масъалаи шаҳрвандияш рӯзи 23 июл доир мешавад ва ӯ ҳоло шадидан дар пайи ҷустуҷӯи як адвокати хуб барои ҳимояти манфиатҳояш дар ин додгоҳ мебошад. Дина Саева шарҳ надод, ки дар масъалаи шаҳрвандиаш чӣ мушкил ва бо кадом сабаб пеш омадааст. Вале аз ӯ мухлисонаш хост, агар муддате ғайб занад, нигарон набошанд.
Ӯ роҳаш ба сӯи қуллаҳои шӯҳратро аз лаб ҷунбондан дар ҳавои таронаҳои маъруф ва нашри чунин видеоҳо дар Ютуб нашр карда буд. Имрӯз Дина Саева бо брендҳои машҳуре, чун Coca-Cola, Dolce&Gabbana қарордод баста, дар клипҳои Егор Крид нақши асосиро иҷро мекунад ва дар байни мардум бидуни муҳофиз намегардад. Ба ҳисоби Forbes, ин духтари тоҷик ҳоло ҳар моҳ дар TikTok 800 ҳазор рубл кор мекунад. Шумори пайравони ӯ дар ин шабака ҳанӯз як сол пеш аз 16 миллион гузашта буд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ