Динг Лирен аз Чин — қаҳрамони нави шатранҷи мардони ҷаҳон

Дар октабри соли 1991 Зие Ҷууни чинӣ султа ё худ гегемонияи беш аз 40-солаи шатранҷбозони шӯравиро бо шикаст додани Майя Чебурданидзе, ки дар он замон намояндаи Гурҷистони мустақил буд, дар мусобиқа барои унвони қаҳрамонии ҷаҳон барҳам зад. Қаҳрамони имрӯзаи бонувон — Ҷӯӯ Ванҷуун акнун шашумин маликаи шатранҷ аз Чин аст.

Чанд рўз пеш як иттифоқи воқеан таърихӣ дар шаҳри Остона рух дод: Динг Лирени сисола аз Чин қаҳрамони ҷаҳон дар байни мардон шуд. Тоҷи шатранҷи қаҳрамонии ҷаҳон миёни чи мардон ва чи занон акнун ба сари намоядагони Чин аст.

Лирен Динг қавитарин бузургустоди шатранҷи Чин аст. Солҳои 2017 ва 2018 ду бор паёпай ба финали Ҷоми ҷаҳонии шатранҷ роҳ ёфт ва солҳои 2018, 2020 ва 2022 низ се бор ширкатдори мусобиқаи муддаиён буд.

Ӯ қаҳрамони секаратаи Чин, барандаи медали тиллои олимпики шатранҷ дар ҳайати дастаи мунтахаби Чин (бо як медали тилло дар рақобатҳои инфиродӣ ва як маротиб тиллои қаҳрамонии дастаии ҷаҳон) мебошад.

Лирен Динг дар беш аз сад бозии паёпайи классикӣ шикаст нахӯрд, ки тӯлонитарин силсилаи пирӯзиҳо дар таърихи шатранҷ буд, то ин ки Карлсен дар октябри соли 2019 аз ин муваффқият пешӣ гирифт. Моҳи майи соли 2018 Динг ҷузви панҷ шатранҷбози бартари ҷаҳон шуд ва дар сентябри ҳамон сол рутбаи ӯ ба болои 2800 расид.

Июли соли 2016 Магнус Карлсен, 16-умин қаҳрамони шатранҷи ҷаҳон нахост унвони худро дар баробари Ян Непомняшии рус дифоъ кунад. Бузургустоди русӣ дар мусобиқаи муддаиён дар Мадрид пирӯз омад ва Динг ҷойи дувумро гирифт. Карлсен гуфт, ки ангезаи дифоъ аз унвони қаҳрамонӣ надорад, зеро қаблан дар мусобиқаи қаҳрамонии соли 2021 бо Непомняши рӯ ба рӯ шуда ва ӯро бо натиҷаи 7,5 : 3,5 шикаст дода буд; ин бузургтарин бохти шатранҷбози рус буд.

Гуфтанист, акнун шатранҷбозони чинӣ — чи мардон ва чи занон, соҳиби унвони қаҳрамонии ҷаҳонанд. Аз соли 2018 Ҷу Венҷуи чинӣ қаҳрамони шатранҷи занони ҷаҳон аст, ки дар ду мусобиқа барои ин унвон (2018 ва 2020) бар Екатерина Лагно ва Александра Горячкина фоиқ омадааст.

Ҳоло Чин барҳақ тантана дорад; дар ҷаҳони шатранҷ бартару беҳтар аз намояндагони ӯ акнун муддаие нест…

О. ШАКУРЗОДА

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *