Дипломат Асозода ва профессор Муродиён аз олам рафтанд

Дипломати тоҷик Парвиз Асозода — писари донишманди шинохта Худоназар Асозода — рӯзи 8 ноябр дар синни 50 аз олам чашм пӯшид. Ба гуфтаи яке аз наздиконаш, Парвиз Асозода аз бемории сиррози ҷигар ҷон бохтааст.

Парвиз Асозода, ки дар сафорати Тоҷикистон дар Туркманистон ифои вазифа мекард, тоза рӯзи 1 ноябр дар саҳифааш дар Фейсбук хабар дода буд, ки ба Душанбе баргашта ва дар дастгоҳи марказии вазорати хориҷаи Тоҷикистон ба кор пардохтааст.

Падари Парвиз Асозода – профессор Худоназар Асозода, яке аз муҳаққиқони варзидаи адабиёти тоҷик соли 2014 дар синни 73 аз олам чашм пӯшид ва амакаш таҳлилгари масоили сиёсӣ ва иҷтимоӣ Мӯсо Асозода моҳи майи соли ҷорӣ ба зиндагӣ падруд гуфт.

Ҳасани Муродиён, доктори илмҳои филологӣ, профессор, Корманди шоистаи Тоҷикистон, устоди Донишгоҳи Бохтар низ рӯзи 8 ноябр аз олам чашм пӯшид. Носирҷон Маъмурзода, сухангӯи ҳукумати вилояти Хатлон, ки дар Донишгоҳи Бохтар ҳамкори Ҳасани Муродиён буд, хабар дод, ки ӯ қурбони коронавирус шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *