Дипломатҳои тоҷик қуллаи Фуҷиямаро фатҳ намуданд

«Если друг оказался вдруг

И не друг, и не враг, а — так,

Если сразу не разберешь,

Плох он или хорош,-

Парня в горы тяни — рискни!

Не бросай одного его,

Пусть он в связке в одной с тобой —

Там поймешь, кто такой…»

Владимир Высоцкий

Дар арафаи 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони сафорати кишвари мо бо сарварии Сафир Ҳамрохон Зарифӣ баландтарин қуллаи Япония — кӯҳи  муқаддас барои япониҳо Фуҷиямаро фатҳ карданд.

Бо вуҷуди кӯҳпаймоии тӯлонии бемадор, шамоли босуръати қавӣ, тафовути ҳарорати ҳаво (дар домани вулкан ҳарорати ҳаво 25 дараҷа гарм буда, дар болои куҳи Фуҷӣ гармии ҳарорати ҳаво аз 5 то 7 дараҷаро ташкил медод) дипломатҳои тоҷик дар баландии 3776 метр парчами Ҷумҳурии Тоҷикистонро барафрохтанд.  Баромадан ба кӯҳ тақрибан 6 соат ва фуромадани он 3,5 соатро ташкил дод.

Аввалин кӯшиши кормандони намояндагии дипломатии Тоҷикистон барои фатҳи кӯҳи боҳашамати Фуҷӣ, ки ду ҳафта пеш буд, бо нокомӣ анҷом ёфт. Шароити обу ҳаво (борони сахт, туман ва шамоли бошиддат), бар хилофи пешгӯиҳо имкон надод болотар аз истгоҳи 8 (атрофи 3400 метр) бароянд: тамоми кӯҳ ба 10 истгоҳ ё ба истилоҳ «гомэ» тақсим шудааст.

Ҳавои асроромези кӯҳи Фуҷиро махсусан бояд таъкид намуд. Зимни кӯшиши дуюм барои баромадан ба қуллаи кӯҳ аз домани ҷанубу ғарбӣ, кӯҳи Фуҷиро борону шамоли шадид ва тумани ногузар рӯйпӯш карда буд, дар ҳоле ки дар канори шарқии он офтоб дурахшон буд. Ҳарчанд дар вақти болобароии қуллаи кӯҳ боди зиёд авҷ гирифта, аз сайёҳони парешон лавозимоти сайёҳиро канда мегирифт ва аксаран онҳоро аз по меафтонд.

                     

Кӯҳпаймоии дипломатҳои тоҷик аз тариқи пайраҳаи Субаширӣ, ки дарозии он 8 километрро ташкил медиҳад, сурат гирифт. Дар маҷмӯъ аз истигоҳи 5 (гогомэ) то қуллаи кӯҳ 4 пайраҳа мавҷуд аст: Кавагутико, Субаширӣ, Готэмба ва Фуҷиномия. Инчунин аз домани кӯҳ пайраҳаҳо низ ҷой доранд: Сёдзико, Ёшида, Суяма ва Мураяма. Ҳамаи пайраҳаҳо дорои роҳи махсус мебошанд ва ҳолати онҳоро хадамоти маъмурӣ қатъӣ назорат мекунад.

Аҳамияти ҷиддӣ ба тозагии кӯҳ дода мешавад. Партофтани ҳаргуна ахлот қатъият манъ карда шудааст. Ҳангоми кӯҳпаймоӣ ба сайёҳон ба таври ройгон халтаи махсус барои ахлот супурда мешавад. Сайёҳони ғофилро (бепарворо) барои риоя накардани қоидаи мазкур маъмурият ҳуқуқ дорад ҷарима бандад.

Аксари сол Фуҷӣ бо абру ғубор рӯйпӯш аст ва кам ҳолатҳо муяссар мешавад, ки кӯҳро бо тамоми шукӯҳу ҳашамат дидан кард. Фуҷияма танҳо ду моҳ дар давоми сол — аз аввали моҳи июл то охири моҳи август барои кӯҳнавардӣ кушода аст. Маҳз дар ҳамин давра боду ҳаво дар Фуҷӣ мусоид буда, кӯҳпаймоӣ бехатар дониста мешавад, зеро дар давраи мазкур тамоми хадамотҳо кор мекунанд, марказҳои ёрии аввалия ва шумораи зиёди ямагоя (кӯлбаи кӯҳии японӣ) фаъолият мекунад, ки дар он сайёҳон метавонанд хӯрока ва нӯшокиро харидорӣ намуда, муддате истироҳат намоянд. Ҷолиб ин аст, ки Фуҷӣ ягона ҷойе дар Япония аст, ки барои итсифодаи хоҷатхона 200 йен ситонида мешавад. Арзиши як зарфи об (500 мл.) аз 200 то 600 йенро ташкил медиҳад, ки ин вобаста ба сатҳи баландии кӯҳ мебошад – чи қадаре саёҳатчӣ баланд барояд ҳамон қадар нархи об гарон мешавад!

Фуҷияма, ки япониҳо онро низ Фуҷисан меноманд нишонаи ифтихор ва рамзи Япония мебошад, пайванди ногусастаи наслҳо ва анъанаҳои пойдори мардуми япониро бо ҳам овардааст. Ҳар як фарди ҷопонӣ барои худ вазифа ва ифтихор медонад, ки дар тӯли умри хеш ба қуллаи Фуҷӣ барояд. Дар Япония ҳатто чунин масал вуҷуд дорад : «Касе, ки ҳеҷ гоҳ ба Фуҷӣ набаромадааст ҷоҳил аст, ҳар ки ду маротиба баромадааст — беақл аст».

                              

Ин на танҳо ҷойи зиёрати муқаддас, балки як макони хеле машҳур барои сайёҳони хориҷӣ мебошад. Ҳар сол ба ин кӯҳ қариб 300 000 нафар, ки аз се як ҳиссаи онҳо сайёҳони хориҷӣ мебошанд, сафар мекунанд, ҳарчанд на ҳамаи онҳо ҷуръати то охир фатҳ кардани кӯҳро мекунанд. Ҷолиби диққат аст, ки дар болои кӯҳи Фуҷӣ, дар якҷоягӣ бо биноҳои маъмурӣ (истгоҳи метеорологӣ, почта, меҳмонхона) инчунин оромгоҳ ва дар нишебиҳои он биноҳои динии анъанавии японӣ – Синто вуҷуд дорад.

На ҳар кас қодир аст, ки қуллаи кӯҳи боҳашаматро фатҳ намояд. Сайёҳе, ки азми баромадан ба кӯҳро кардааст бояд ҷисман тобовар, маҳорат ва таҷрибаи кӯҳнавардӣ дошта бошад ва дар вазъиятҳои душвор ва ғайричашмдошт сарфаҳм равад. Бо дарназардошти ин, миёни ҳар гурӯҳе аз сайёҳон бояд нафаре бо дороиии тамоми меъёрҳои зикршуда бошад, то азми кӯҳпаймоӣ то қуллаи охири он анҷом ёбад.

Хусусияти нотакрори Фуҷӣ ин махрутшаклии (конусшакл) он аст, ки табиатан беш аз ҳазорҳо сол дар натиҷаи таркишҳои сершумор ва гудозаи фаровон онро ба ин шакл офаридааст. Вулкани Фуҷӣ фаъол мебошад, вале «хуфта» мебошад. Охирон оташфишонии он солҳои 1707-1708 ба амал омад.

Фуҷияма дар ҷазираи Хонсю дар 100-километрии ҷанубу ғарбии Токио воқеъ аст ва ҳамчун вулкани камфаъол ҳисобида мешавад. Фуҷияма шомили мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО буда, муҳити атрофи кӯҳ ба Боғи милли Фуҷӣ-Ҳаконэ-Идзу ворид аст.

                                

Фуҷияма бо зебоӣ ва шукӯҳ касро мафтун менамояд ва панҷ кӯли достонӣ дар атрофи кӯҳ манзараи онро бениҳоят зебо менамоянд. Маъруфияти махсусро ҷангали Аокигаҳара, ки дар домани вулкани Фуҷи ҷойгир аст, касб намудааст ва достонҳои зиёд дар бораи мавҷуд будани рӯҳу авроҳ дар он паҳн шудааст. Худи пайдошавии кӯҳи Фуҷиро бо достону устураҳо мепайванданд. Барои мисол, дар даврони қадим танҳо ашхоси баргузида ва беҳтарин метавонистааст Фуҷисанро фатҳ намояд ва тибқи он қиссаҳо нафаре, ки қуллаи онро фатҳ намудааст «ҷовидониро» аз худ мекардааст.

Фуҷӣ ҷойи махсусро дар ашъор ва санати тасвирии Япония ишғол намудааст. Шукӯҳ ва зебоии илоҳии кӯҳро шоирон месурудан ва рассомон шакли ҳақиқии Фуҷиро тасвир менамуданд.

                        

Ҷолиб ин аст, ки қуллаи Фуҷияма (аз истгоҳи 8-ум – 3360 м боло) моликияти хусусӣ буда, дар тобеияти Маъбади бузурги синтоии  Хонгу Сэнгэн мебошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *