Дипломати рус иштирокчии ҶБВ-ро аёдат кард
Семён Григорев — сафири Русия дар Тоҷикистон ба аёдати куҳансарбози Ҷанги Бузурги Ватанӣ Рашид Каримов рафт. Номбурда 110 сол дошта, дар деҳаи Шоҳамбарии шаҳри Ҳисор зиндагӣ дорад.
Семён Григорев куҳансарбозро ба муносибати 80-солагии шикасти олмони фашистӣ аз сӯи артиши Иттиҳоди Шӯравӣ дар муҳорибаи Сталинград табрик намуд ва ба ӯ ёрии моддӣ тақдим кард.
Рашид Каримов моҳи сентябри соли 1942 ба сафи Артиши Сурх даъват шуда, дар муҳорибаҳои назди Сталинград иштирок намудааст. Ӯ дар муҳорибаҳои назди Сталинград иштирок карда, ғалабаро дар Берлин пешвоз гирифт.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ