Дипломатияи тоҷик таърихи чандҳазорсола дорад
Мо — мардуми куҳанбунёди тоҷик аз гузаштаи худ бо ифтихору сарбаландӣ ёд мекунем, аз он сабақ мегирем ва нақши онро дар ташаккули тафаккури миллӣ ва ҷанбаҳои сиёсию иқтисодӣ ва фарҳангии ҷомеаҳоямон калидӣ медонем ва ба арзишҳои миллиамон низ ҳамеша сидқан арҷгузорем. Вале инсофан бояд иқрор кард, ки ҳар яке дар ҷои худ падидаҳои мушаххаси таърихи ғановатманди худро, ки ба касбамон, ҳирфаи ҳаррӯзиамон марбут аст, намеомӯзем, мутолиа намекунем. Чаро чунин аст? Дар ин бора андеша бояд кард. Таърихи дипломатия соли 1944 (соли таъсиси Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ) оғоз нашудааст, балки ибтидояш ҳазорсолаҳо пештар будааст. Масалан, лаҳзае, ки мову шумо аз байни санадҳои соли 1932 дар кӯҳи Муғ пайдошуда гузориши сафири Афшин — шаҳриёри онрӯзаи кишварамонро, ки ба назди Шоҳи Чоч рафта будааст ва ин санадро аз он мавзеъ фиристода будааст, мехонем ва мебинем, ки он айни гузоришҳои сафирони имрӯзист, магар ин таърихи мову шумо нест ва муҷиби ифтихори мо нест? Ё имрӯз, ки аҳли башар дар бораи ташаббуси Ҷумҳурии Мардумии Чин «Як роҳ, як камарбанд» суҳбат мекунад ва мо дар таҳқиқоти донишмандони соҳибном мехонем, ки замони пайдоиши «Роҳи бузурги абрешим», «линг ва франка» ё забони байналмилалии муоширати ин шоҳроҳи азим забони суғдӣ будааст ва инро маъхазҳои ҳам чиниву ҳам румӣ таъйид кардаанд, магар ин таърихи дипломатияи мову шумо нест?
Алҳақ ҳама медонаду таърих гувоҳ аст,
Тоҷик ҳама умр,
Дар Мағрибу Машриқ,
Кардаст мусаххар чӣ бас иқлиму мамолик,
Аммо на ба шамшеру камону сафи лашкар,
Бо санъату бо фитрату бо ақли мунаввар…
Албатта, муҳимтарин марҳалаи дипломатияи тоҷик тавъам бо неъмати истиқлол аст, чун эҳёи давлатдории мо маҳз аз ин пораи таърих оғоз меёбад. Вале бо камоли таассуф ҳар яки мо медонем, ки кӯшишу талошҳои бунёди давлати нави мо ба ҷанги хонумонсӯзи бародаркуш рост омад ва он эҳёи ин ормонро ба маротиб мушкилтар ва душвортар сохт. Мардуми шарафманди кишвар аз ибтидои ин марҳала бунёди як давлати соҳибистиқлоли пойбанд ба қонунҳои миллию байналмилалиро дар заминаи институтҳои қавии давлатӣ чун ҳадафи асосӣ пазируфт ва роҳи берунрафт аз ин вазъро тавассути стратегияҳо ва барномаҳои мушаххас муайян кард, ки Тоҷикистон дар тӯли як давраи таърихии хеле кӯтоҳ аз як кишвари ҷангзада ба як давлати шукуфон табдил ёфт. Дар оғози солҳои 2000-ум сиёсати хориҷии «Дарҳои кушода» қабул гардид, ки кишвари мо бо такя ба он дар пешбурди сиёсати хориҷӣ ба комёбиҳои назаррас ноил шуд ва равобити худро бо кишварҳо ва созмонҳои ҷаҳонӣ бар пояи ҳифзи манофеи миллӣ ва риояи манфиати шарикон мустаҳкамтар намуд.
Хулоса, ҷараёни бунёди давлати мустақили мо бо равандҳои муосири ҷаҳонишавӣ ва ташаккули низоми нави муносибатҳои байналмилалӣ, ки бар пояи манфиатҳои геосиёсии қудратҳо рақобату танишҳои шадидро дар пай доштанд, ҳамоҳангу ҳамнафасу ҳамсафар буд. Вале мусаллам аст, ки дар айни ҳол чунин рақобатҳо метавонистанд амнияти кишварро барҳам зада, қаламрави онро ба майдони муборизаи гурӯҳҳои мухталифи террористӣ табдил бидиҳанд, ки мисоли онро мо имрӯз дар Ховари Миёна мебинем. Дар чунин вазъ сиёсати хориҷии Тоҷикистон, ки зери роҳбари мустақими Пешвои миллат пиёда шуд, то ба имрӯз ба Тоҷикистон имкон дод, бо бозигарони асосии саҳнаи глобалӣ ва минтақавӣ равобиту ҳамкории ботавозун ва баробар дошта бошад, ки заминаи рушду пешрафт ва амну суботи кишвар маънидод мешавад.
Албатта, сиёсатшиносон, дипломатҳо ва соҳибназарон мафҳуми дипломатия ва вазифаи онро дар шаклҳои гуногун ба тафсир додаанд, аммо ҳадафу вазифаҳои он, ки таърихи ҳазорсола дорад, то имрӯз дигар нашуда, ҳанӯз ҳам сутуни асосии дипломатияро ташкил медиҳанд. Мусаллам аст, ки дипломатия ин воситаи иртибот ва музокироти субъектҳои низоми муносибатҳои байналмилалӣ мебошад ва давлатҳои соҳибистиқлол аз он барои мудирияти ҳадафҳои сиёсати хориҷиашон истифода мекунанд. Аз ҳамин нуқтаи назар муваффақияти дипломатия ба ҳадафҳои сиёсати хориҷӣ мустақиман вобаста аст.
Агар ба дастовардҳои сиёсати хориҷии кишварамон, ки дар тӯли даврони соҳибистиқлолӣ ба даст омадаанд, назар кунем, метавонем бигӯем, ки дипломатияи тоҷик дар азми иҷрои рисолати хеш ба комёбиҳо ноил шудааст.Тоҷикистон бо пешниҳоди як зумра ташаббусҳо дар сатҳи ҷаҳонию минтақавӣ, ки бо санадҳои муҳими байналмилалӣ тасдиқ шудаанд, дар саросари олам шинохта шудааст. Аз ҷумла, ҳаллу фасли мухолифати шаҳрвандӣ тариқи музокирот, мусоидат ба ҳалли мушкилоти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии Афғонистон, рушди ҳамкориҳои минтақавӣ, як теъдод ташаббусҳо дар робита ба истифодаи оқилонаи захоири об, мубориза бо терроризм ва қочоқи маводи мухаддир аз пешниҳодҳои кишвари мо мебошанд, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамовозӣ ва дастгирӣ ёфтаанд. Бахусус, чор пешниҳоди Тоҷикистон дар мавзӯи об, ки ба ҳамагон маълуманд, кишвари моро дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун пешбарандаи дипломатияи об муаррифӣ кардааст. Барои мисол, агар шумо дар платформаҳои интернетӣ мавзӯи обро ҷустуҷӯй кунед, ҳатман номи Тоҷикистон дар сархати маводҳои манзуршуда аён мегардад, ки шаҳодати амалияи дипломатияи тоҷик аст.
Агар мо ба таҷрибаи дипломатияи кишварҳои ҷаҳон назар андозем, кам кишвареро пайдо мекунем, ки дар як муддати кӯтоҳи давлатдорӣ мушкилоти сангини ҷанг ва оқибатҳои харобиовари онро пушти сар кардаву дар баробари он институти дипломатияашро зери таъсири омилҳои марбут ба равандҳои пурталотуми ҷаҳонӣ созмон додааст ва ба дастовардҳои сатҳи ҷаҳонӣ ноил шудааст. Аз ин рӯ, метавонам бигӯям, ки дипломатияи тоҷик дар амри пиёдасозии сиёсати хориҷии Тоҷикистон ва татбиқи ҳадафу вазифаҳои он нақши назаррас дорад.
Сиёсати хориҷии кишвари мо, ки таҳкиму тақвияти муносибатҳои дӯстонаро бо ҳама кишварҳои олам талқин мекунад, ба мо — татбиқкунандагони он имкон медиҳад, ки равобити ҳасана ва фарогирро бо кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла бо Аврупо ба хотири дарёфти мусоидати беруна дар амалисозии ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Тоҷикистон пайгирӣ ва татбиқ созем.
Бо такя ба ҳамин суханони Сарвари дилогоҳи кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мехоҳам ба ҷойгоҳи вижаи муносиботи Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо дар сиёсати хориҷии кишварамон ишора кунам. Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо сиёсати хориҷии хеле ҷавон ва қариб, ки ҳамсол доранд ва сарфи назар аз давраи на чандон тӯлонии таърихии ин равобит, ҳамкории ду ҷониб бо раванди босуръати рушд, ки маҳфуму мундариҷаи онҳо сол аз сол ғанитар мегарданд, фарқкунанда ба назар мерасад. Иттиҳоди Аврупо 16 январи соли 1992 истиқлолияти Тоҷикистонро эътироф кард ва ба оғоз аз ҳамон давра муносиботи мо бо Аврупо расман шурӯъ шуд, ки имзои нахустин санадҳои ҳамкорӣ дар солҳои 90-уми асри ХХ барои ташаккули пояи равобити Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо замина гузоштанд. Албатта, бо дарназардошти ҳаводиси солҳои аввали истиқлолият, Тоҷикистон аз имкони истифодаи пурраи ҷанбаҳои мухталифи ҳамкорӣ бо Иттиҳоди Аврупо бархӯрдор набуд ва равобити кишвари мо бо Аврупо дар солҳои минбаъда дар заминаи сиёсати хориҷии бисёрсамта рушду тавсеа ёфт.
Нахустин сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба қароргоҳи Парлумони Аврупо дар Страсбург дар соли 2011 ва вохӯрии ӯ бо Раиси Парлумони Аврупо ба тамосҳои ду ҷониб дар сатҳи олӣ замина гузошта, боздидҳои минбаъдаи ӯ аз ниҳодҳои калидии Иттиҳоди Аврупо дар Брюссел дар солҳои 2013 ва 2015 ва мулоқотҳо бо роҳбарони ин ниҳодҳо, аз ҷумла Президенти Шӯрои Аврупо, Президенти Комиссияи Аврупо ва Раиси Парлумони Аврупо ба муносиботи Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо такони ҷиддӣ бахшиданд.
Тобистони соли ҷорӣ Иттиҳоди Аврупо Стратегияи навро барои Осиёи Марказӣ қабул кард, ки доираи ҳамкориҳои дуҷониба ва минтақавии моро фарохтар сохт. Стратегияи мазкур, ки бо дарназардошти вазъи кунунии сиёсию иқтисодии минтақа ва ҷаҳон бо таваҷҷуҳ ба ниёзмандии кишварҳои минтақаи мо таҳия шудааст, барои амалисозии иқдомҳои судманди ҷонибҳо ва беҳтарсозии соҳаҳои мухталифи ҳаёти Тоҷикистон мусоидати бештар хоҳад кард. Тавре ки Доналд Туск — Раиси Шӯрои Аврупо ҳангоми нахустин боздиди расмиаш аз Тоҷикистон тобистони соли ҷорӣ зикр кард, «кушишҳои Тоҷикистону кишварҳои ҳамҷавор ва Иттиҳоди Аврупо дар амри густариши ҳамкориҳо ва ҳавасмандии Аврупо ба минтақаи мо боис шуданд, то стратегияи мазкур рӯи кор биояд, ки талошҳои пайвастаи ҷонибҳоро бозгӯйӣ мекунад».
Бо истифода аз ин фурсати муносиб, ман аҳли дипломатияи кишварро бо Рӯзи дипломатияи тоҷик — ҷашни касбиамон табрику таҳният гуфта, ба онҳо дар татбиқи ин вазифаи пуршарафу пурмасъулият ва амалисозии ҳадафу вазифаҳои аз ҷониби Сарвари кишвар мушаххасгардида комёбиҳо мехоҳам.
Эркинхон Раҳматуллозода,
Сафири фавқулодда ва мухтор, Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Аврупо
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ