Директор ва муовинаш ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шуданд
Директори ҶСК “Сайҳуни бодом”-дар шаҳри Конибодом, Тошев Ғаффор бо муовин ва сармуҳосибаш ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шудаанд.
Ба иттилои сардори Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, полковники адлия Иброҳимзода Карим Иброҳим соли 2015 директори ҶСК “Сайҳуни бодом” Тошев Ғаффор бо маслиҳати пешакӣ бо муовинаш Нуров Ҷурабек ва сармуҳосиб Муродзода Азиз бо мақсади пардохти маблағи хариди иншооти ҷамъияти номбурда даст ба сохтакории ҳуҷҷатҳо ва бо роҳи фиреб аз бонк маблағ гирфтанро тарҳрезӣ мекунанд.
Тошев ба соҳибмулкон – Муродов ва Файзуллоев бо роҳи сохтакории ҳуҷҷатҳои расмии ҳуқуқдиҳанда, бино, қитъаи замин ва иншоотҳои ҶСК “Сайҳуни бодом” –ро ба гарав гузошта аз “Амонатбонк” 12 млн. сомониро мегирад.
Ба эксперти бонк бар ивази 12 млн. сомонӣ ҳуҷҷатҳое, ки пешниҳод кардаанд, сохта ва ҳатто қисме аз аксҳои бинову иншооте, ки нишон додаанд расмҳои интернетӣ будааст…
Идомаро дар шумораи навбатии ҳафтаномаи “Тоҷикистон” мутолиа намоед.
Фарзона Муродӣ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ